«Салом, ҳамсояҳо!» – лоиҳаи нави «Азия-Плюс» дар бораи тоҷикону ӯзбекон

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” таҳти унвони “Салом, соседи!” (Салом, ҳамсояҳо) лоиҳаи нави худро оғоз мекунад. Ҳадаф аз роҳандозии он кумак ба шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳамдигарфаҳмист. Мо ҳамеша мегӯем, ки тоҷикону ӯзбекон мардумони дӯсту бародар ва аз лиҳози фарҳангу таърих ва маънавият ба ҳам наздиканд. Илова бар ин, тӯли 25 соли истиқлолият дар кишварҳои мо як […]

Asia-Plus

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” таҳти унвони “Салом, соседи!” (Салом, ҳамсояҳо) лоиҳаи нави худро оғоз мекунад. Ҳадаф аз роҳандозии он кумак ба шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳамдигарфаҳмист.

Мо ҳамеша мегӯем, ки тоҷикону ӯзбекон мардумони дӯсту бародар ва аз лиҳози фарҳангу таърих ва маънавият ба ҳам наздиканд. Илова бар ин, тӯли 25 соли истиқлолият дар кишварҳои мо як насли комиле ба воя расид, ки аз ҳолу аҳвол ва вазъи зиндагиву кори мардуми он сӯи сарҳад начандон огаҳӣ дорад. Ин вазъро ислоҳ мебояд кард.

Дар лоиҳаи нав мо дар бораи одамони аҷиби кишварҳо, расму оин ва фарҳанги онҳо, ҳамчунин ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаҳои гуногун маълумот хоҳем дод.

Муътақидем, ки ҳар қадр бештар одамон аз забони худ дар бораи ҳамдигар маълумот гиранд, ҳамон қадр онҳо якдигарро хуб дарк кардаву эҳсос мекунанд ва ҳамон қадр ба баҳсу низоъҳои бемаънӣ кашидани онҳо душвортар мешавад.

Мо ҳамчунин бар ин назарем, ки маълумот доир ба ҳаёти мардуми оддӣ натанҳо аз шаҳрҳои бузург, балки аз шаҳрҳои хурд ё ба сурати умум на аз шаҳр дар расонаҳои имрӯз хеле камёфтанд. Мо бо ҳамкоронамон талош хоҳем кард, ки ин камбудӣ бартараф шавад.

Бо истифода аз фурсати қулай ҳамтоёни тоҷику ӯзбекро ба ҳамкорӣ даъват мекунем – сюжетҳоятонро ирсол намоед, қаҳрамонҳои нав ва мавзӯъ барои гузоришҳои навро, ки барои ҳамсояҳои мо шавқовар буда метавонанд, пешниҳод кунед! Ҳамчунин шумо метавонед аз роликҳои мо дар сомонаҳои худ истифода бурда, ба ин васила ба ҳамдигарфаҳмиву наздикшавии Душанбеву Тошканд, Хуҷанду Хива, Кӯлобу Бухоро, Хоруғу Самарқанд мусоидат намоед.

Қаҳрамонони гузоришҳои мо бо забони барояшон қулай – тоҷикӣ, ӯзбекӣ ё русӣ ҳарф мезананд, то ки мавод барои корбарони ҳарду кишвар ва ҳамаи фазои расонаҳои забони русӣ фаҳмотар бошад.

Гузориши аҷиби аввал аз деҳаи ӯзбекии Конигил (вилояти Самарқанд) дар бораи тарзи қадимаи тайёр кардани коғази “абрешимӣ” рӯзи сешанбе пешкаш мешавад. Боз мо ба шумо симоҳои тоҷиконаро аз нигоҳи дастгоҳи аксбардории Аниса Собирӣ пешниҳод мекунем.

Инак, мо оғоз мекунем: салом, ҳамсояҳо хонаобод бошед!

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио