Имзои нақшаи муносибатҳои дуҷониба то соли 2020 байни Тоҷикистону Беларус

Президенти Беларус Александр Лукашенко имрӯз бо сафари серӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар доираи сафари Лукашенко ба Душанбе имзои як қатор санадҳои муҳиму ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва низомӣ-техникӣ дар назар аст. Дар чаҳорчӯбӣ сафар дидору гуфтушуниди хоссаи сарони кишварҳои Беларус ва Тоҷикистон, ҳамчунин гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукумати кишварҳо доир мегардад. Сарони давлатҳо натиҷаҳо […]

Asia-Plus

Президенти Беларус Александр Лукашенко имрӯз бо сафари серӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Дар доираи сафари Лукашенко ба Душанбе имзои як қатор санадҳои муҳиму ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва низомӣ-техникӣ дар назар аст.

Дар чаҳорчӯбӣ сафар дидору гуфтушуниди хоссаи сарони кишварҳои Беларус ва Тоҷикистон, ҳамчунин гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукумати кишварҳо доир мегардад.

Сарони давлатҳо натиҷаҳо ва нақшаи минбаъда оид ба рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, амалисозии лоиҳаҳои муштарак ва сармоягузориҳои мутақобила, ҳамчунин ҳамкории муштарак дар бозорҳои кишварҳои сеюмро баррасӣ карда, аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид имзои санадҳои дуҷониба пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Беларус дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи миллии Беларус дар Тоҷикистон ва боз як қатор чорабиниҳои дигар ба нақша гирифта шудааст.

Тавре хабаргузории БЕЛТА иттилоъ медиҳад, дар назар аст, ки Тоҷикистон ва Беларус харитаи роҳи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2019-2020-ро ба имзо мерасонанд.

«Чизи муҳиме, ки мо аз ин сафар интизорӣ дорем, амалисозии қарордодҳо, пеш аз ҳама дар бахши кооператсия аст. Мо кайҳост мегӯем, ки омодаем ба Тоҷикистон муддати тӯлонӣ кумак кунем. Аз ин рӯ, дар доираи сафар харитаи роҳи ҳамкории Беларус ва Тоҷикистон барои солҳои 2019-2020 ба имзо мерасад», – мегӯяд сафири Беларус дар Тоҷикистон Олег Иванов.

Ба гуфтаи ӯ, ин барномаи ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ ҳам дар сатҳи даватӣ ва ҳам дар сатҳи байниидоравӣ мебошад.

Зимни сафари расмии президенти Беларус имзои ҳудуди 15 санади дуҷониба, аз ҷумла харитаи роҳи зикршуда, изҳороти муштараки сарони кишварҳо, як қатор созишномаҳо, нақшаи кори муштарак байни вазорату идораҳо дар назар аст.

Ғайр аз ин, дар доираи сафари президенти Беларус ба Тоҷикистон бо иштироки доираҳои кории Афғонистон форуми тиҷоратии Тоҷикистону Беларус баргузор мешавад, ки дар он самтҳои минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратӣ байни се кишвар баррасӣ мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.