Қадрдонии хабарнигори Asia-Plus ба ҷоизаи «Олтин қалам»-и Ӯзбекистон

Хабарнигори гурӯҳи расонаҳои Asia-Plus Аваз Юлдошев ба мукофоти Ҷоизаи ХIII миллии Ӯзбекистон дар соҳаи журналистика “Олтин қалам” (Қалами тиллоӣ) қадрдонӣ шуд. Дар номинатсияи “Барои беҳтарин маводи журналистони хориҷӣ дар бораи Ӯзбекистон” дар баробари дигар рӯзноманигорон аз Туркия, Италия ва Қирғизистон, фаъолияти пурмаҳсули Аваз Юлдошев низ дар ин самт зикр шудааст, хабар медиҳад сомонаи расмии Вазорати […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Хабарнигори гурӯҳи расонаҳои Asia-Plus Аваз Юлдошев ба мукофоти Ҷоизаи ХIII миллии Ӯзбекистон дар соҳаи журналистика “Олтин қалам” (Қалами тиллоӣ) қадрдонӣ шуд.

Дар номинатсияи “Барои беҳтарин маводи журналистони хориҷӣ дар бораи Ӯзбекистон” дар баробари дигар рӯзноманигорон аз Туркия, Италия ва Қирғизистон, фаъолияти пурмаҳсули Аваз Юлдошев низ дар ин самт зикр шудааст, хабар медиҳад сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

Озмуни байнулмилалӣ барои дарёфти ҷоизаи “Олтин қалам” аз ҷониби Иттиҳоди эҷодии рӯзноманигрони Ӯзбекистон дар ҳамдастӣ бо Маркази бозомӯзии журналистони ин кишвар ва як қатор ташкилотҳо гузаронида мешавад.

Ҳадаф аз баргузории он таблиғи дастовардҳои беҳтарини миллӣ ва байнулмилалӣ дар соҳаи журналистика, тақвияти мавқеи шаҳрвандии кормандони ВАО, ташаккул ва ҳавасмандсозии афкори интиқодӣ-таҳлилӣ, ҳамчунин истифодаи тарзҳои нав дар фаъолияти эҷодии журналистон унвон мешавад.

Озмуни мазкур ҳамасола ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии озодии матбуот, ки санаи 3 май таҷлил мегардад, баргузор мешавад.

Ба иттилои як манбаъ аз сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, рӯзҳои наздик  дар Душанбе маросими тақдими ҷоиза ба журналисти тоҷик доир мегардад.

Гурӯҳи расонаҳои Asia-Plus Аваз Юлдошевро бо дарёфти ин ҷоиза табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти минбаъдааш фатҳи қуллаҳои боз ҳам баландтарро орзу мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.