Лукашенко бо сафари серӯза ба Душанбе меояд

Президенти Беларус Александр Лукашенко аввали ҳафтаи оянда бо сафари расмии серӯза ба Душанбе ташриф меорад. «Рӯзҳои 14-16 майи соли равон сафари расмии президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон баргузор мешавад», – хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон. Масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии Лукашенко ба Тоҷикистон моҳи апрели соли равон зимни вохӯрии вазири корҳои хориҷии […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Президенти Беларус Александр Лукашенко аввали ҳафтаи оянда бо сафари расмии серӯза ба Душанбе ташриф меорад.

«Рӯзҳои 14-16 майи соли равон сафари расмии президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон баргузор мешавад», – хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии Лукашенко ба Тоҷикистон моҳи апрели соли равон зимни вохӯрии вазири корҳои хориҷии ТоҷикистонСироҷиддин Аслов бо сафири Беларус дар Тоҷикистон Олег Иванов баррасӣ шуда буд.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи ташкили намоишгоҳи миллии Беларус дар Тоҷикистон ва форуми дуюми тиҷоратии «Беларус-Тоҷикистон-Афғонистон»-ро, ки дар доираи сафари Лукашенко доир мегардад, низ баррасӣ намуданд.

Ғайр аз ин, дар бораи ташкили намоишгоҳи бузургмиқёси маҳсулоти Беларус ва форуми тиҷоратӣ дар Тоҷикистон зимни сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Минск моҳи декабр низ сухан рафта буд.

«Муҳимаш он аст, ки мо сари масъалаи ташкили намоишгоҳи бузургмиқёси ширкату корхонаҳоямон дар Тоҷикистон ба мувофиқа расидем, то ки ҳамроҳ ба бозорҳои Афғонистону Покистон роҳ ёбем», – гуфта буд он замон Лукашенко.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, соли 2017 ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Беларус наздики 40 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2016 қариб 90 % зиёдтар аст. Дар сохторимуомилоти мол байни давлатҳо наздики 37 млн. доллар ба воридоти молу маҳсулот аз Беларус ба Тоҷикистон рост меояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.