Фестивали таъомҳои миллӣ ва бозиҳои варзишӣ дар Душанбе

Бахшида ба “Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 12 май дар «Боғи Ирам»- и пойтахт «Фестивали байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллӣ» баргузор мегардад. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар чорабинии мазкур намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе, инчунин ҳунармандон аз шаҳри Душанбе, […]

Asia-Plus

Бахшида ба “Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 12 май дар «Боғи Ирам»- и пойтахт «Фестивали байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллӣ» баргузор мегардад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар чорабинии мазкур намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе, инчунин ҳунармандон аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ намунаи ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллии хешро ба намоиш мегузоранд.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ шиносоӣ ва муаррифии фарҳангу тамаддун ва  анъанаву таомҳои миллии тоҷикон ва мардумони кишварҳои хориҷӣ, инчунин мустаҳкам намудани ҳамкориҳои фарҳангӣ ва муносибатҳои дустона байни кишварҳо мебошад.

Ҳамчунин ҳамин рӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҷумҳурӣ, дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар Фестивали бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол баргузор мегардад.

Ба иттилои манбаъ, Фестивали мазкур дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар бо доираи васеи варзишгарон, бозиҳои дӯстона ва машқу тамринҳо дар боғҳои марказӣ ва майдончаҳои варзишӣ баргузор мегардад.

Зимнан зикр меардад, ки маросими кушодашавии фестивали мазкур дар шаҳри Душанбе дар майдончаҳои назди варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 8:00 оғоз мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.