Сармоягузорони араб бо имконоти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон шинос шуданд

Дар шаҳри Душанбе бо иштироки васеи роҳбарону вазорату идораҳо ва доираҳои соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистону Шоҳигарони Арабистони Саудӣ Форуми муштараки сармоягузории Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар оғози форум Раиси Кумита Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд суханронӣ намуда, зикр намуданд, ки дар Тоҷикистон шароити […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе бо иштироки васеи роҳбарону вазорату идораҳо ва доираҳои соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистону Шоҳигарони Арабистони Саудӣ Форуми муштараки сармоягузории Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар оғози форум Раиси Кумита Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд суханронӣ намуда, зикр намуданд, ки дар Тоҷикистон шароити зарурӣ ва фазои муносиби пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, барои дастгирӣ ва рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт ва содда гардондани қоидаҳо вобаста ба танзими фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои муассир амалӣ мешаванд.

Зимни баргузории Форум роҷеъ ба имкониятҳои воқеӣ ва захиравии таъминкунандаи рушди устувор, аз қабили захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ ва оби тоза, захираҳои зеризаминӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва нақлиётӣ ибрози назар намуда, таҳким бахшидани ҳамкории мутақобилан судмандро дар ин самтҳои муҳими ҳамкорӣ мувофиқи мақсад шумориданд.     

Ҳамзамон тавассути навори видеоӣ имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Дар идомаи чорабинӣ мусоҳибаи байни соҳибкорон ва масъулини мақомоти давлатии ҷонибҳо (В2G) ва нишаст дар формати соҳибкор бо соҳибкор (В2В) дар фазои самимият ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, аз ҷонби бахши хусусии кишвар як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои баррасӣ ва омузиш ба ҷониби Шоҳигарии Арабистони Саудӣ пешниҳод карда шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Барои навъҳои ҷудогонаи кондитсионерҳо меъёр се баробар ва барои қандилу чароғҳои деворӣ - ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.