Ҳуқуқ надорад? Гулмуродзода то ҳол шаҳрвандии Тоҷикистонро дарнаёфт

Журналист Аминҷон Гулмуродзода, собиқ корманди Маркази тадқиқоти журанлистии Тоҷикистонро суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои тақаллуби ҳуҷҷатҳо ба ду соли зиндон маҳкум карда буд. Суд журанлистро бо он айбдор карда буд, ки ӯ замони дар шаҳрвнадии Ӯзбекистон қарор доштанаш соли 1989 бо кумаки падараш шаҳодатномаи қалбакӣ дар бораи таваллуд гирифта, бар асоси он шиносномаву диплом гирифтааст […]

Меҳрангез Турсунзода, Asia-Plus

Журналист Аминҷон Гулмуродзода, собиқ корманди Маркази тадқиқоти журанлистии Тоҷикистонро суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои тақаллуби ҳуҷҷатҳо ба ду соли зиндон маҳкум карда буд.

Суд журанлистро бо он айбдор карда буд, ки ӯ замони дар шаҳрвнадии Ӯзбекистон қарор доштанаш соли 1989 бо кумаки падараш шаҳодатномаи қалбакӣ дар бораи таваллуд гирифта, бар асоси он шиносномаву диплом гирифтааст ва ақди ниокҳ баста, ба кор даромадааст.

Моҳи августи соли 2016 ӯ бидуни ягон ҳуҷчати тасдиқкунандаи шахсият ба озодӣ баромад. Ӯро пурра аз шаҳрвандии Тоҷикистон ва ҳама гуна ҳуҷҷатҳо маҳрум карданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” Гулмуродзода гуфт, баъди ба озодӣ баромадан ӯ ба шуъбаи шиносномадиҳии ВКД Тоҷикистон рафта, вале дар он ҷо додани шиносномаро ба ӯ рад карда, ҳамчунин ҳама гуна роҳу воситаҳои барқарор кардани шаҳрвандии ӯро ғайримкон донистаанд.

Моҳи сентябри соли 2016 ӯ дар бораи барқарор кардани шаҳрвандиаш ба президент нома нпвишта, аз дастгоҳи президент номаро боз ба мизи шиносномадиҳии ҷумҳуриявӣ фиристодаанд.

“Дар шуъбаи раводид ва бақайдгирӣ аз ман дархост намуданд, ки баёнот нависам. Ман дар ҳашт саҳифа тамоми ҷузъиёти вазъро шарҳ додам. Дар номаи ҷавобии онҳо зикр гардида буд, ки танҳо баъди қабули лоиҳаи қонун “Дар бораи авфи шахсони бешаҳрвандӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ қарор доранд”, ман метавонам шаҳрвандиамро барқарор созам. Ҳанӯз моҳи ноябри соли 2016 лоиҳаи қонуни зикршуда мавриди баррасии мақомоти дахлдор қарор дошт, лекин то ҳол қабул нашудааст”, – мегӯяд Гулмуродзода.

Айни замон Гулмуродзода танҳо дар раёсати идоракунии манзил дар маҳалли зист ба қайд гузошта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар барқарор кардани шаҳрвандӣ собиқ роҳбари ҳаракати “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” Каромат Шарипов низ талош дорад, вале шаҳрвандии Русияро. Ӯ аз болои ВКД Тоҷикистон даъво дошта, ин мақомотро ба пешниҳоди маълумоти бардурӯғ ба Русия дар бораи шаҳрвандиаш айбдор мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.