Дар парлумони Эрон парчами ИМА-ро оташ заданд

Вакилони парлумони Эрон дар робита ба изҳороти президенти ИМА Доналд Трамп доир ба хориҷ шудани ин кишвар аз созиши атомӣ, парчами ИМА-ро намоишкорона оташ заданд. Дар шабакаи Интернет сабти видеои оташзании парчами ИМА аз ҷониби вакилони парлумони Эрон ба нишони эътироз аз изҳороти Трамп нашр шуд. Вақте ки яке аз вакилон ба оташзании парчам машғул […]

Asia-Plus

Вакилони парлумони Эрон дар робита ба изҳороти президенти ИМА Доналд Трамп доир ба хориҷ шудани ин кишвар аз созиши атомӣ, парчами ИМА-ро намоишкорона оташ заданд.

Дар шабакаи Интернет сабти видеои оташзании парчами ИМА аз ҷониби вакилони парлумони Эрон ба нишони эътироз аз изҳороти Трамп нашр шуд. Вақте ки яке аз вакилон ба оташзании парчам машғул буд, дигарон шиорҳои зиддиамрикоӣ мегуфтанд.

Ғайр аз ин, ҳамроҳ бо рамзи давлатии ИМА нусхаи санади шартнома дар бораи созиши ядроӣ низ сӯзонида шуд.

Бино ба маълумоти РБК, президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 8 май эълом дошт, ки кишвараш аз созишномаи ҳастаӣ бо Эрон хориҷ шуда, эҳтимол таҳримҳои бекоршудаи пешина дар чорчӯби ин созишро дубора ҷорӣ намояд.

Созишномаи зикршуда соли 2015 байни Эрон ва шаш кишвари абарқудрати ҷаҳон – ИМА, Бритониёи Кабир, Олмон, Чин, Русия ва Фаронса ба тасвиб расида, дар он ба ивази камшавии амалисозии барномаи ҳастаии Эрон, бекор шудани таҳримҳо зидди ин кишвар пешбинӣ шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.