Ҷасади Бозор Собир паҳлӯи Лоиқ Шералӣ дафн мешавад

Ҷасади шоири шинохтаи тоҷик Бозор Собир рӯзи 14 май ба Душанбе оварда шуда, ҳамон рӯз ба хок супурда мешавад, хабар дод як манбаи наздик ба оилаи ӯ. Ҷасади шоир дар оромгоҳи Лучоб, ки дар он шахсиятҳои маъруфи кишвар ба хок супурда шудаанд, паҳлӯи қабри Лоиқ Шералӣ дафн мешавад. Ҳамсари шоир Гулчеҳра ва духтараш Шогуна низ […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+

Ҷасади шоири шинохтаи тоҷик Бозор Собир рӯзи 14 май ба Душанбе оварда шуда, ҳамон рӯз ба хок супурда мешавад, хабар дод як манбаи наздик ба оилаи ӯ.

Ҷасади шоир дар оромгоҳи Лучоб, ки дар он шахсиятҳои маъруфи кишвар ба хок супурда шудаанд, паҳлӯи қабри Лоиқ Шералӣ дафн мешавад.

Ҳамсари шоир Гулчеҳра ва духтараш Шогуна низ ба Душанбе меоянд.

Масъуд Собиров, бародарзодаи шоир ва як узви Комиссияи тадорукоти дафни Бозор Собир ба Радиои Озодӣ гуфтааст, пойдевори қабри Бозор Собир омода шудааст ва санги қабраш ҳам баъди ба хок супоридани ҷасади шоир гузошта хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 1 май шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон аз олам даргузашт.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба наздикони марҳум ҳамдардӣ изҳор намуда, ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сафорати Тоҷикистон дар ИМА ва Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид супориш дод, ки ҷасади шоир Бозор Собирро аз ИМА ба Ватан оварда, дар шаҳри Душанбе ба хок супоранд. Наздикони шоир низ ба гӯручӯби ҷасади шоир дар Душанбе розигӣ доданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.