Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Душанбе ҷаласаи якҷояи шашуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум доир мегардад. Оғоз соати 14:00; – Дар меҳмонхонаи «Серена» ба муносибати Рӯзи байнулмилалии оила аз ҷониби мақомоти марбутаи СММ оид ба занон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон мизи гирд барпо мешавад; – Рӯзҳои […]

АНОНС

– Дар Душанбе ҷаласаи якҷояи шашуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум доир мегардад. Оғоз соати 14:00;

– Дар меҳмонхонаи «Серена» ба муносибати Рӯзи байнулмилалии оила аз ҷониби мақомоти марбутаи СММ оид ба занон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон мизи гирд барпо мешавад;

– Рӯзҳои 11-12 май дар бинои асосии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар мавзӯи «Таҷриба, мушкилот ва дурнамои беҳбуди корҳои сохтмон бар асоси таҷрибаи беҳтарини ватанӣ ва хориҷӣ» Конфронси байнулмитлалии илмӣ-амалӣ баргузор мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.9509 сомонӣ;

1 евро – 10.6328 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1441 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1936 – Таъсиси ноҳияи Ӯротеппа (феълан Истаравшан).

1931 — Зодрӯзи доктори улуми филология, профессор Холиқ Мирзозода.

1951 – Мавлуди адабиётшинос Азим Аминов.

1953 – Зодрӯзи актёри театр Холмурод Сиддиқов.

1955 – Мавлуди профессор Абӯмуталиб Бобоев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ охири рӯз борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +33+38; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +20+25.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +35+40; дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +26+31.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +8+13, рӯзона +23+28; дар шарқ шабона -4+1, рӯзона +12+17.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.  

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +32+37; дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +24+29.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +36+38.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +36+38.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +24+26.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.