Лукашенко бо сафари серӯза ба Душанбе меояд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Президенти Беларус Александр Лукашенко аввали ҳафтаи оянда бо сафари расмии серӯза ба Душанбе ташриф меорад.

«Рӯзҳои 14-16 майи соли равон сафари расмии президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон баргузор мешавад», – хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии Лукашенко ба Тоҷикистон моҳи апрели соли равон зимни вохӯрии вазири корҳои хориҷии ТоҷикистонСироҷиддин Аслов бо сафири Беларус дар Тоҷикистон Олег Иванов баррасӣ шуда буд.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи ташкили намоишгоҳи миллии Беларус дар Тоҷикистон ва форуми дуюми тиҷоратии «Беларус-Тоҷикистон-Афғонистон»-ро, ки дар доираи сафари Лукашенко доир мегардад, низ баррасӣ намуданд.

Ғайр аз ин, дар бораи ташкили намоишгоҳи бузургмиқёси маҳсулоти Беларус ва форуми тиҷоратӣ дар Тоҷикистон зимни сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Минск моҳи декабр низ сухан рафта буд.

«Муҳимаш он аст, ки мо сари масъалаи ташкили намоишгоҳи бузургмиқёси ширкату корхонаҳоямон дар Тоҷикистон ба мувофиқа расидем, то ки ҳамроҳ ба бозорҳои Афғонистону Покистон роҳ ёбем», – гуфта буд он замон Лукашенко.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, соли 2017 ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Беларус наздики 40 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2016 қариб 90 % зиёдтар аст. Дар сохторимуомилоти мол байни давлатҳо наздики 37 млн. доллар ба воридоти молу маҳсулот аз Беларус ба Тоҷикистон рост меояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...