Роуминги қулайи “Мегафон Тоҷикистон” ба муштариён дар Ӯзбекистон

Иттилоияи расмӣ

Аз 5 май муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, ки ба давлати ҳамсоя сафар мекунанд, имкон пайдо мекунанд, ки бо шартҳои муфид хизматрасониҳои алоқаро истифода намоянд.

Бо хизматрасонии “Ҳамсояҳои роумингӣ” занги содиротӣ ба хона ё дар ҳудуди Ӯзбекистон 2,5 сомониро барои як дақиқа ташкил дода, арзиши даъвати воридотӣ ба 1,2 сомонӣ баробар аст. SMS-паёмак – 0,3 сом., 1 Мб трафики интернет – 0,5 сомонӣ.

Барои истифодаи хизматрасонӣ дар Ӯзбекистон бояд тафтиш кард, ки оё “Роуминги қулай” дар рақами муштарӣ фаъол аст ё не. Барои ин дар телефон рақамчинӣ кардани дархости *992# кифоя аст. Агар хизматрасонӣ ба таври нобаён бинобар ягон сабабе фаъол нашуда бошад, онро метавон тавассути дархости кӯтоҳи *992*1# ва пахши тугмаи даъват фаъол намуд.

Агар “Роуминги қулай” фаъол бошад, зарур аст, ки “Ҳамсояҳои роумингӣ” барои Ӯзбекистон бо дархости *390*1# пайваст карда шавад. Пас аз ин ҳангоми қарор доштан дар кишвар-дӯсти Ӯзбекистон ба муштариёни “МегаФон” нархҳои муфид барои алоқа дастрас мешаванд. Муҳим: пас аз бозгашт ба хона хизматрасонии “Ҳамсояҳои роумингӣ” бояд бо рақамчинии *390*2# қатъ карда шавад.

“Бо пешбинии пешниҳоди муфид барои муштариёне, ки ба Ӯзбекистон сафар мекунанд, мо диққати махсусро на танҳо ба пасткунии нархҳо дар роуминг равона кардем, балки ҷиҳатҳои қулайи идоракунии хизматрасониро низ ҳаматарафа ба назар гирифтем. Ҳамаи амалҳои марбутаро метавон мустақилона бе муроҷиат ба идораҳои хизматрасонӣ ё истифода аз сомонаи “МегаФон Тоҷикистон” анҷом дод. Якчанд USSD-дархостҳои оддӣ аз телефон – ва “Ҳамсояҳои роумингӣ” аллакай дар амал аст”, – изҳор дошт Ҷамшед БОБОАЛИЕВ, Директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...