Медали биринҷии Моҳрӯ Ҳалимоваро дар чемпионати Осиё пай набурданд

Сайфиддин Қараев

Тоҷикдухтари машғули варзиш дар соҳаи таэквондо Моҳрӯ Ҳалимова ба дарёфти медали биринҷии Чемпионати XXIII Осиё (вазни то 73 кило) дар Ветнам ноил гардид, ки ягона медали мунтахаби Тоҷикистон буда, дар ҳисоби даставӣ мақоми 10-умро ишғол намуд.

Ёдрас мекунем, ки дар чемпионати пешини Осиё мунтахаби Тоҷикистон ду медал ба даст оварда буд – Моҳрӯ Ҳалимова ба медали нуқра ва Фарҳод Неъматов (вазни 87 кило) ба медали биринҷӣ сазовор гардида буданд.

Пас аз анҷоми мусобиқа Моҳрӯ дар саҳифааш дар Фейсбук изҳор намудааст, ки: «Ба туфайли мураббиям, ки маро ба ин мусобиқа фиристод, имрӯз дар шаҳри Ҳошимин ман медали биринҷии Чемпионати Осиёро ба даст вардам. На федератсияву на кумита ва на кумитаи олимпиву на мактаби олии таэквондо, ки ба он шомил ҳастам, тайи солҳои охир барои омодагии ман ягон сомонӣ сарф накардаанд».

Моҳрӯ Ҳалимова мегӯяд, пеш аз чемпионат фаҳмидааст, ки номаш дар рӯйхати дастаи мунтахаб нест ва аз ин рӯ, худаш мустақилона бидуни мураббӣ ба Ветнам роҳ пеш гирифта, то як рӯзи вазнкашӣ ба ин вишвар расидааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки варзишгарони дигар кишварҳо барои мутобиқшавӣ ба обуҳаво як ҳафта пеш ба ин ҷо омадаанд.

«Ба дастаи Афғонистон ва шахсан мураббии он барои дастгириву кумакашон ба ман минннатдорӣ изҳор мекунам», – навиштааст Ҳалимова дар шабакаи иҷтимоӣ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...