Медали биринҷии Моҳрӯ Ҳалимоваро дар чемпионати Осиё пай набурданд

Тоҷикдухтари машғули варзиш дар соҳаи таэквондо Моҳрӯ Ҳалимова ба дарёфти медали биринҷии Чемпионати XXIII Осиё (вазни то 73 кило) дар Ветнам ноил гардид, ки ягона медали мунтахаби Тоҷикистон буда, дар ҳисоби даставӣ мақоми 10-умро ишғол намуд. Ёдрас мекунем, ки дар чемпионати пешини Осиё мунтахаби Тоҷикистон ду медал ба даст оварда буд – Моҳрӯ Ҳалимова ба […]

Сайфиддин Қараев

Тоҷикдухтари машғули варзиш дар соҳаи таэквондо Моҳрӯ Ҳалимова ба дарёфти медали биринҷии Чемпионати XXIII Осиё (вазни то 73 кило) дар Ветнам ноил гардид, ки ягона медали мунтахаби Тоҷикистон буда, дар ҳисоби даставӣ мақоми 10-умро ишғол намуд.

Ёдрас мекунем, ки дар чемпионати пешини Осиё мунтахаби Тоҷикистон ду медал ба даст оварда буд – Моҳрӯ Ҳалимова ба медали нуқра ва Фарҳод Неъматов (вазни 87 кило) ба медали биринҷӣ сазовор гардида буданд.

Пас аз анҷоми мусобиқа Моҳрӯ дар саҳифааш дар Фейсбук изҳор намудааст, ки: «Ба туфайли мураббиям, ки маро ба ин мусобиқа фиристод, имрӯз дар шаҳри Ҳошимин ман медали биринҷии Чемпионати Осиёро ба даст вардам. На федератсияву на кумита ва на кумитаи олимпиву на мактаби олии таэквондо, ки ба он шомил ҳастам, тайи солҳои охир барои омодагии ман ягон сомонӣ сарф накардаанд».

Моҳрӯ Ҳалимова мегӯяд, пеш аз чемпионат фаҳмидааст, ки номаш дар рӯйхати дастаи мунтахаб нест ва аз ин рӯ, худаш мустақилона бидуни мураббӣ ба Ветнам роҳ пеш гирифта, то як рӯзи вазнкашӣ ба ин вишвар расидааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки варзишгарони дигар кишварҳо барои мутобиқшавӣ ба обуҳаво як ҳафта пеш ба ин ҷо омадаанд.

«Ба дастаи Афғонистон ва шахсан мураббии он барои дастгириву кумакашон ба ман минннатдорӣ изҳор мекунам», – навиштааст Ҳалимова дар шабакаи иҷтимоӣ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Барои навъҳои ҷудогонаи кондитсионерҳо меъёр се баробар ва барои қандилу чароғҳои деворӣ - ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.