Хонаи сеҳуҷрагии Президент ва раиси пойтахт ба сокини 9-миллионуми Тоҷикистон

Субҳи рӯзи 26-май дар таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе сокини 9-милионуми кишвар ба дунё омад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, модари тифл сокини шаҳри Душанбе Назира Муллоҷоноваи 28-сола соҳиби як писар буда, мутахассиси Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ мебошад. Падари тифл Фирӯз Латипови 32-сола ба фиати маъмури фурӯш дар Маркази савдои «Ёвар» машғули […]

Asia-Plus

Субҳи рӯзи 26-май дар таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе сокини 9-милионуми кишвар ба дунё омад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, модари тифл сокини шаҳри Душанбе Назира Муллоҷоноваи 28-сола соҳиби як писар буда, мутахассиси Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ мебошад. Падари тифл Фирӯз Латипови 32-сола ба фиати маъмури фурӯш дар Маркази савдои «Ёвар» машғули кор аст.

Гуфта мешавад, вазни духтарча 3 киллограму 600 грамм буда, қадаш 51 сантиметр мебошад. Ҳолати кўдаки навзод ҳангоми таваллуд аз ҷониби мутахассисон аз рўи ҷадвали Апгар 8/9 хол баҳо дода шудааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон падару модари тифли 9-миллионаи тоҷикро табрик гуфта, ба раиси шаҳри Душанбе дастур дод, ки оилаи тифли бадунёомадаро бо хонаи истиқоматӣ таъмин намояд.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарори дахлдори худро доир ба ҷудо намудани хонаи сеҳуҷрагӣ аз маркази пойтахт ба Назира Муллоҷонова имзо намуд.

Назира Муллоҷонова  баъди аз таваллудхона баромадан ба хонаи сеҳуҷрагии истиқоматии нави хеш гусел карда мешавад. Ҳамчунин бо ташаббуси раиси шаҳр манзили зисти тифли 9 миллиона бо тамоми ашёи рўзгор таъмин мегардад.

Аҳли хонавода ва падару модари Назирабону ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе миннатдории худро баён намуданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сокинони Тоҷикистонро ба  муносибати ба 9 миллион нафар расидани аҳолии мамлакат  табрик кард.

Модари тифл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ изҳор доштааст, ки: «Дар ягон гӯшаи хаёлам набуд, ки фарзанди ман шаҳрванди 9-миллионаи кишвар мешавад. Ман ҳатто намедонистам, ки аҳолии Тоҷикистон ба қарибӣ 9 миллион мешавад. Бар болои хурсандии ба дунё омадани тифл ин хурсандӣ зам шуд». 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.