Эҳтимоли пешниҳоди номзадии Шавкат Мирзиёев ба ҷоизаи Нобел

Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон дар сомонаи умумии дархостҳои "Назари ман" пешниҳод кардааст, ки ба президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев унвони "Қаҳрамони Ӯзбекистон" дода шавад. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ҳамчунин узви ин ҳизб ва вакили Шӯрои вакилони халқии вилояти Намангон Олимҷон Тухтаназарови 50-сола, ки дар яке аз шабакаҳои телевизионии Ӯзбекистон ба ҳайси коргардон […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон дар сомонаи умумии дархостҳои "Назари ман" пешниҳод кардааст, ки ба президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев унвони "Қаҳрамони Ӯзбекистон" дода шавад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ҳамчунин узви ин ҳизб ва вакили Шӯрои вакилони халқии вилояти Намангон Олимҷон Тухтаназарови 50-сола, ки дар яке аз шабакаҳои телевизионии Ӯзбекистон ба ҳайси коргардон кор мекунад, мегӯяд, ба Мирзиёев бояд ҷоизаи Нобел дода шавад.

Ҷоизаи Нобел, ки таърихи беш аз як асра дорад, барои дастовардҳо дар бахши кимиё, физика, тиб, адабиёт ва фаъолиятҳои сулҳовар дода мешавад. Ба гуфтаи Тухтаназаров, Мирзиёев бар асоси тамоми номгӯҳои мазкур сазовори ҷоизаи Нобел аст.

"Дар бахши адабиёт барои он сазовор аст, ки ба ин бахш диққати бештар медиҳад. Дар бахши фаъолиятҳои сулҳовар низ бояд соҳиби ҷоизаи Нобел шавад, чун дар Ӯзбекистон сулҳ ҳукмфармост. Дар бахши илм ҳам ба осонӣ барандаи ҷоиза хоҳад шуд. Зеро вай ба рӯзноманигории дохилӣ таваҷҷуҳ карда, донишгоҳи махсус боз кард. Ман эҳсос мекунам, ки базудӣ намояндагони ҷоиза худашон омада, ба Юртбошии мо (унвони раҳбари давлат дар Ӯзбекистон) онро медиҳанд", – изҳор дошт Тухтаназаров, ки иштибоҳан Ҷоизаи Нобелро ба кишвари Швейтсария мансуб донистааст.

Яке аз раҳбарони Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон низ пешниҳоди Тухтаназаровро ҷонибдорӣ кард. "Фикр мекунам, ки миллион ӯзбекистонӣ мехоҳад, ба Мирзиёев унвони қаҳрамонӣ дода шавад. Хоҳиш мекунам, дар матлаби худ номи маро зикр накунед, чун боз нагӯянд, ки ин ҳамаро ба хотири ба президент писанд омаданам мегӯям", – афзуд ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.