ТАЛКО то охири сол истеҳсоли алюминийро то 168 ҳазор тонна мерасонад

Соли равон дар Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) истеҳсоли алюминии аввалияро ба беш аз 168 ҳазор тонна ба маблағи умумии 697,1 млн. сомонӣ расониданианд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 65 ҳазор тонна зиёдтар аст. Дар Дурнамои пешгӯиҳои истеҳсолӣ-иқтисодии КВД «ТАЛКО» дар давраи солҳои 2018-2030, ки дар Стратегияи рушди саноати Тоҷикистон то давраи соли 2030 оварда […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Соли равон дар Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) истеҳсоли алюминии аввалияро ба беш аз 168 ҳазор тонна ба маблағи умумии 697,1 млн. сомонӣ расониданианд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 65 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Дар Дурнамои пешгӯиҳои истеҳсолӣ-иқтисодии КВД «ТАЛКО» дар давраи солҳои 2018-2030, ки дар Стратегияи рушди саноати Тоҷикистон то давраи соли 2030 оварда шудааст, соли 2020 афзоиши истеҳсоли алюминии аввалия – то 349 ҳазор тонна, вале аз чӣ бошад, ки то соли 2025 поинравии ҳаҷми истеҳсол – то 339 ҳазор тонна ва дурнамо ба соли 2030 – 380 ҳазор тонна пешгӯӣ шудааст.

Соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалия 103 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2016 – 26 ҳазор тонна ва соли 2012 – 175 ҳазор тонна камтар аст.

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ коҳиши истеҳсоли ин навъи металлро ба сабабҳои зиёде, аз ҷумла камшавии шумори зарфҳо (ваннаҳои)-и электролизӣ, саривақт таъмин нашудан бо кокси нафтӣ ва ғайра нисбат медиҳанд.

Охири соли гузашта раҳбарияти ТАЛКО хабар дод, ки соли 2018 ширкат ба сохтмони корхонаи нави алюминий оғоз карда, ҳамчунин корхонаи амалкунандаро таъмиру навсозӣ мекунад.

Зикр гардида буд, ки иқтидори корхонаи нав истеҳсоли 503 ҳазор тонна алюминии аввалия дар як сол буда, арзиши он – 1,6 млрд. доллар ва муҳлати анҷоми сохтмон якуним сол муқаррар шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.