Муомилоти моли Тоҷикистону Қазоқистон то 2 млрд. доллар мерасад

Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи то ба 2 млрд. расонидани ҳаҷми муомилдоти моли дуҷониба ба мувофиқа расиданд. Ба афзоиши ҳаҷми муомилоти мол ба кишварҳо Харитаи махсуси роҳ кумак мекунад, ки моҳи марти соли равон дар вохӯрии сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев қабул шуда буд. Амалисозии бандҳои Харитаи роҳро ҳафтаи гузашта дар Остона муовини аввали […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи то ба 2 млрд. расонидани ҳаҷми муомилдоти моли дуҷониба ба мувофиқа расиданд.

Ба афзоиши ҳаҷми муомилоти мол ба кишварҳо Харитаи махсуси роҳ кумак мекунад, ки моҳи марти соли равон дар вохӯрии сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев қабул шуда буд.

Амалисозии бандҳои Харитаи роҳро ҳафтаи гузашта дар Остона муовини аввали раиси Кумитаи рушди иқтисодӣ ва савдои Тоҷикистон Завқи Завқизода ва муовини вазири иқтисоди миллии Қазоқистон Дана Жунусова баррасӣ намуданд.

«Ҷонибҳо аз густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ қаноатмандӣ изҳор намуда, лоиҳаи муштараки «Харитаи роҳ»-ро, ки иҷрои тадбирҳои афзоиши муомилоти мол, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва ҷалби сармоя ба иқтисодро таъмин мекунад, баррасӣ карданд», – қайд мешавад дар маълумоти Вазорат рушди иқтисоди ҶТ.

Соли 2017 ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 838,9 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2016 – 24,1% зиёдтар аст.

Тӯли 4 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти мол байни кишварҳо 268,5 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта қариб 6% бештар мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.