Дастёбии толибилмони тоҷик қариб ба ҳамаи медалҳо дар олимпиадаи Ҳиндустон

Дар Олимпиадаи ҳафтуми байнулмилалӣ, ки рӯзҳои 20-26 май дар Донишгоҳи Амити (Amity University)-и шаҳри Ноидаи Ҳиндустон доир гардид, толибилмони тоҷик 12 медали тилло ба даст оварда, ғолиби олимпиада шуданд. «Олимпиада аз рӯи фанҳои физика, математика, кимиё ва биология гузаронида шуда, дар он толибилмони 15 давлат – Афғонистон, Охзарбойҷон, ИМА, Бангладеш, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон Қирғизистон, Непал, […]

Баҳром Файзуллоев, махсус барои Asia-Plus

Дар Олимпиадаи ҳафтуми байнулмилалӣ, ки рӯзҳои 20-26 май дар Донишгоҳи Амити (Amity University)-и шаҳри Ноидаи Ҳиндустон доир гардид, толибилмони тоҷик 12 медали тилло ба даст оварда, ғолиби олимпиада шуданд.

«Олимпиада аз рӯи фанҳои физика, математика, кимиё ва биология гузаронида шуда, дар он толибилмони 15 давлат – Афғонистон, Охзарбойҷон, ИМА, Бангладеш, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон Қирғизистон, Непал, Молдова, Руминия, Индонезия ва дигар кишварҳо иштирок доштанд», – хабар медиҳад сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон.

Тавре ба «Азия-Плюс» тариқи вайбер аз Ҳиндустон яке аз роҳбарони дастаи Тоҷикистон Акмал Мирзоев дар ин робита хабар дод, мактаббачагони Тоҷикистон маротибаи дуюм аст, ки дар ин олимпиада ширкат меварзанд.

Дастаи Тоҷикистон аз 29 нафар толибилмон – хонандагони Маркази рушди қобилияти Раёсати маорифи шаҳри Душанбе (роҳбарон Равшан Каримов – омӯзгори математика ва Одилҷон Маматов – омӯзгори забони англисӣ), литсейҳо барои хонандагони болаёқати шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд (роҳбар Акмал Мирзоев – омӯзгори математика) иборат буда, ҳамаи онҳо ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд: толибилмони тоҷик 12 медали тилло, 5 нуқра, 8 биринҷӣ ва 6 ҷойи ифтихориро ба даст оварданд.

Дар маросими тантанавии анҷоми Олимпиада, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда доир гурдид, кормандони сафорати Тоҷикистн дар Ҳиндустон ҳузур доштанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.