Ба хориҷи кишвар рафтан мехоҳӣ? Иҷозатнома дастрас кун

Аз ин ба баъд омӯзгорону донишҷӯҳо, муҳаққиқон ва профессорони тоҷик ҳақ надоранд, бе иҷозаи мақомот ба сафари хидматӣ ваё таҳсил ба хориҷа раванд. “Қоида”-ҳои нав охири моҳи феврали имсол тасвиб шудаанд. Тибқи санади ба Радиои Озодӣ дастрасшуда дар ин робита, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, мудирони мактабҳо ва раисони донишгоҳҳо сафари худро ба […]

Радиои Озодӣ

Аз ин ба баъд омӯзгорону донишҷӯҳо, муҳаққиқон ва профессорони тоҷик ҳақ надоранд, бе иҷозаи мақомот ба сафари хидматӣ ваё таҳсил ба хориҷа раванд. “Қоида”-ҳои нав охири моҳи феврали имсол тасвиб шудаанд.

Тибқи санади ба Радиои Озодӣ дастрасшуда дар ин робита, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, мудирони мактабҳо ва раисони донишгоҳҳо сафари худро ба хориҷа бояд бо ҳукумати Тоҷикистон мувофиқа кунанд. Ин афрод масъуланд, ки 15 рӯз пеш аз рафтан ба берун аз кишвар ҷузъиёти сафари худ, аз ҷумла хулосаи хаттии Вазорати умури хориҷиро пешниҳод кунанд.

“Инчунин, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бояд сабаби сафари худро асоснок карда, нусхаи матни суханрониашонро бо мақомоти Вазорати маориф мувофиқа намоянд”, – гуфта шудааст дар санад. – Бар асоси он, хидматчиёни соҳаи маориф ҳатто барои гирифтани мукофот ва унвони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бояд аз Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон иҷоза гирифта, пас аз бозгашт, ба ин ниҳод гузориши хаттӣ нависанд».

Қоидаҳои сафари кормандони соҳаи маориф ба хориҷи кишвар муқаррар кардааст, ки хонандаҳо ва омӯзгорони мактабҳои миёнаву олӣ низ танҳо пас аз гирифтани иҷозаи хаттӣ метавонанд барои иштирок дар чорабинҳо ба хориҷа бираванд.

Барои идомаи таҳсил дар хориҷа ба хонандагон ва муҳаққиқон низ зарур аст, ки ба мақомоти маориф маълумотнома пешниҳод кунанд. Агар ин сафар беш як солро дарбар гирад, дар он сурат қарори Шӯрои олимони муассисаи таълимӣ бояд гирифта шавад.

Бар асоси дастури нав, кормандони соҳаи маориф ва муҳассилину омӯзгороне, ки дар сафарҳои қаблии худ ба хориҷ рафтори ношоиста кардаанд ваё гирифтори беморӣ мебошанд, ба сафарҳо пешниҳод намешаванд.

Мақомоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳадаф аз таҳияи дастури нав ба танзим даровардани сафари донишомӯзон ва муҳаққиқон ба хориҷи кишвар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Барои навъҳои ҷудогонаи кондитсионерҳо меъёр се баробар ва барои қандилу чароғҳои деворӣ - ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.