Муомилоти моли Тоҷикистону Қазоқистон то 2 млрд. доллар мерасад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи то ба 2 млрд. расонидани ҳаҷми муомилдоти моли дуҷониба ба мувофиқа расиданд.

Ба афзоиши ҳаҷми муомилоти мол ба кишварҳо Харитаи махсуси роҳ кумак мекунад, ки моҳи марти соли равон дар вохӯрии сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев қабул шуда буд.

Амалисозии бандҳои Харитаи роҳро ҳафтаи гузашта дар Остона муовини аввали раиси Кумитаи рушди иқтисодӣ ва савдои Тоҷикистон Завқи Завқизода ва муовини вазири иқтисоди миллии Қазоқистон Дана Жунусова баррасӣ намуданд.

«Ҷонибҳо аз густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ қаноатмандӣ изҳор намуда, лоиҳаи муштараки «Харитаи роҳ»-ро, ки иҷрои тадбирҳои афзоиши муомилоти мол, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва ҷалби сармоя ба иқтисодро таъмин мекунад, баррасӣ карданд», – қайд мешавад дар маълумоти Вазорат рушди иқтисоди ҶТ.

Соли 2017 ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 838,9 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2016 – 24,1% зиёдтар аст.

Тӯли 4 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти мол байни кишварҳо 268,5 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта қариб 6% бештар мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...