ТАЛКО то охири сол истеҳсоли алюминийро то 168 ҳазор тонна мерасонад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Соли равон дар Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) истеҳсоли алюминии аввалияро ба беш аз 168 ҳазор тонна ба маблағи умумии 697,1 млн. сомонӣ расониданианд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 65 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Дар Дурнамои пешгӯиҳои истеҳсолӣ-иқтисодии КВД «ТАЛКО» дар давраи солҳои 2018-2030, ки дар Стратегияи рушди саноати Тоҷикистон то давраи соли 2030 оварда шудааст, соли 2020 афзоиши истеҳсоли алюминии аввалия – то 349 ҳазор тонна, вале аз чӣ бошад, ки то соли 2025 поинравии ҳаҷми истеҳсол – то 339 ҳазор тонна ва дурнамо ба соли 2030 – 380 ҳазор тонна пешгӯӣ шудааст.

Соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалия 103 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2016 – 26 ҳазор тонна ва соли 2012 – 175 ҳазор тонна камтар аст.

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ коҳиши истеҳсоли ин навъи металлро ба сабабҳои зиёде, аз ҷумла камшавии шумори зарфҳо (ваннаҳои)-и электролизӣ, саривақт таъмин нашудан бо кокси нафтӣ ва ғайра нисбат медиҳанд.

Охири соли гузашта раҳбарияти ТАЛКО хабар дод, ки соли 2018 ширкат ба сохтмони корхонаи нави алюминий оғоз карда, ҳамчунин корхонаи амалкунандаро таъмиру навсозӣ мекунад.

Зикр гардида буд, ки иқтидори корхонаи нав истеҳсоли 503 ҳазор тонна алюминии аввалия дар як сол буда, арзиши он – 1,6 млрд. доллар ва муҳлати анҷоми сохтмон якуним сол муқаррар шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...