Қадрдонии Эмомалӣ Раҳмон бо медали Созмони ҷаҳонии тандурустӣ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои саҳмгузорӣ дар мубориза бо истеъмоли тамоку ба медали Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) қадрдонӣ карда шуд. Дар ин бора CA-NEWS бо истинод ба Маркази матботи СММ хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ин мукофот ҳамасола ҳам ба шахсони ҷудогона ва ҳам созмону ташкилотҳо ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии бидуни тамоку, ки 31 май ҷашн […]

CA-NEWS

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои саҳмгузорӣ дар мубориза бо истеъмоли тамоку ба медали Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) қадрдонӣ карда шуд. Дар ин бора CA-NEWS бо истинод ба Маркази матботи СММ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ин мукофот ҳамасола ҳам ба шахсони ҷудогона ва ҳам созмону ташкилотҳо ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии бидуни тамоку, ки 31 май ҷашн гирифта мешавад, такдим мегардад.

Ба ақидаи коршиносони СҶТ, Сарвари давлати Тоҷикистон мубориза бо тамокукаширо ба самти афзалиятноки сиёсати ҳукумат табдил дода, бо мусоидати ӯ 2 январи соли равон қонуни зидди тамоку таҳия шуд.

Дар қонун манъи истеъмоли тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, талаби ҷой доштани навиштаҷоти огоҳӣ дар бораи зарари тамоку дар қуттиҳо, танзими истеъмоли навъҳои гуногуни тамоку, манъи рекаламаи маснӯоти тамоку ва сарпарастӣ аз ҷониби истеҳсолкунадагони он пешбинӣ шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".