Раиси Суғд ба Хонаи кӯдакони Хуҷанд яхдону чангкашак туҳфа кард

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Муассисаи давлатии махсуси табобатии Хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд чорабинии идона доир шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, роҳбари вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади иштирок дар чорабинии идона, ба аёдати тарбиятгирандагони ин муассиса омада, кӯдаконро табрику таҳният ва ба онҳо […]

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Муассисаи давлатии махсуси табобатии Хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд чорабинии идона доир шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, роҳбари вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади иштирок дар чорабинии идона, ба аёдати тарбиятгирандагони ин муассиса омада, кӯдаконро табрику таҳният ва ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим намуданд. 

Қайд гардид, ки дар Тоҷикистон аксарияти аҳолиро ҷавонону наврасон ташкил медиҳанд ва аз ин лиҳоз баҳри ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон, беҳтар намудани кори таълиму тарбия ва дастгирии кӯдакони ятиму бепарастор таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад.

Ба муассисаи иҷтимоӣ аз ҷониби Раиси вилоят яхдону чангкашак ва дигар лавозимоти зарурӣ ва барои 60 нафар бошандагони он аз тарафи сарпарастон туҳфаҳо тақдим гардида, дастурхони идона ороста шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар вилояти Суғд 19 муассисаи иҷтимоӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 1800 нафар ба таълиму ғамхорӣ фаро гирифта шудаанд.

Гуфта мешавад, ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон имрӯз дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоӣ чорабиниҳо ташкил гардида, аз ҷониби сарпарастону саховатмандон дастархони идона ороста шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".