Имзои се санади нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Русия

Аз рӯи натиҷаҳои сафари сарвазири Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон се санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ҳузури сарони ҳукумати давлатҳо Қоҳир Расулзода ва Дмитрий Медведев санадҳои зерин ба имзо расиданд: – Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Россия оид ба шартҳои фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7 дар […]

АМИТ «Ховар»

Аз рӯи натиҷаҳои сафари сарвазири Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон се санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ҳузури сарони ҳукумати давлатҳо Қоҳир Расулзода ва Дмитрий Медведев санадҳои зерин ба имзо расиданд:

– Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Россия оид ба шартҳои фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7 дар шаҳри Кӯлоб;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии бақайдгирӣ, кадастр ва харитасозии Россия;

– Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон ва Хадамоти Федералии зиддиинҳисории Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати зиддиинҳисорӣ.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, аз замони роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳо соли 1992, байни Тоҷикистон ва Россия ҳудуди 300 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравии танзимкунандаи аксарияти соҳаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Санади муҳимтарини байнидавлатӣ – Аҳднома дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии тарафайн ба ҳисоб меравад, ки 25 майи соли 1993 ба имзо расидааст.

Зимни нишасти хабарӣ аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид бо Дмитрий Медведев сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода изҳор намуд, ки Федератсияи Россия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда,барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои савдо ва иқтисод Тоҷикистон аз ин ҳам иқтидори бузургро доро аст.

«Семоҳаи аввал гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Россия тақрибан 230 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, – гуфт ӯ. – Имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 300 адад корхонаҳои муштарак дар соҳаи энергетика, истихроҷи маъдан, сохтмон ва тиҷорат фаъолият мекунанд.

https://www.youtube.com/watch?v=MjJc8zQxC68

Бино ба гуфтаии Қоҳир Расулзода, дар ҷараёни мулоқот масоили вобаста ба истиқомати муҳоҷирони  меҳнатии тоҷик дар қаламрави Россия мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо барои дар оянда андешидани тадбирҳои марбут ба тамдиди муҳлати буду боши шаҳрвандони Тоҷикистон, содагардонии талабот ва гирифтани патент, инчунин вазъи ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои Федератсияи Россия таҳсил мекунанд, ибрози назар намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".