Коҳиши арзиши сабти ҳузур барои хориҷиён дар Ӯзбекистон

Нархи бақайдгирии шаҳрвандони хориҷиро дар Ӯзбекистон кам карданд. Ин масъала дар қарори ҳукумати Ӯзбекистон зикр шудааст. Қаблан новобаста ба муҳлати ҳузур дар Ӯзбекистон, шаҳрвандони хориҷӣ барои қайд дар ин кишвар 20 доллар маблағ пардохт мекарданд. Акнун онҳо вобаста ба муҳлати ҳузур дар Ӯзбекистон, дар ҳаҷми 2% аз маоши ҳадди ақал барои як рӯз ё 3,4 […]

Нархи бақайдгирии шаҳрвандони хориҷиро дар Ӯзбекистон кам карданд. Ин масъала дар қарори ҳукумати Ӯзбекистон зикр шудааст.

Қаблан новобаста ба муҳлати ҳузур дар Ӯзбекистон, шаҳрвандони хориҷӣ барои қайд дар ин кишвар 20 доллар маблағ пардохт мекарданд.

Акнун онҳо вобаста ба муҳлати ҳузур дар Ӯзбекистон, дар ҳаҷми 2% аз маоши ҳадди ақал барои як рӯз ё 3,4 ҳазор сӯм (0,4 доллар) пардохт хоҳанд кард ва чунин тартибот дар мавриди ба муддати то 30 рӯз дар қаламрави Ӯзбекистон қарор доштани хориҷиён амал мекунад, хабар медиҳад CA-NEWS.

Тағйирот ба шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон низ дахл хоҳад кард. Акнун онҳо низ барои ба қайд гузоштан дар як рӯз 3,4 ҳазор сӯм (0,4 доллар) маблағ пардохт мекунанд. Пеш аз ин онҳо новобаста ба муҳлати ҳузур дар Ӯзбекистон, 5 доллар маблағ пардохт мекарданд.

Тартиботи нав ба сайёҳони хориҷӣ, ки маъмулан на дертар аз муддати 10 рӯз дар Ӯзбекистон меистанд, ба сарфаи воситаҳояшон имкон медиҳад, менависад нашрия.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи март реҷаи раводид байни Тоҷикистону Ӯзбекистон бекор шуда, аз ин ба баъд шаҳрвандони ҳарду кишвар метавонанд ба муддати 30 рӯз бераводид ба қаламрави давлатҳо ворид шаванд. Лекин бо ворид шудан ба Ӯзбекистон, шаҳрвандони Тоҷикистон уҳдадоранд, ки бо шиносномаи хориҷӣ ба сафар баромада, худро ба қайд гузоранд.

Мо тасмим гирифтем, ки чӣ гуна ва бо чӣ миқдор маблағ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон рафтанро хотиррасон намоем. Аммо ин ҷо равуои автобуси айни замон ягонаи мусофирбар тариқи хатсайри Хуҷанд – Тошканд ҷой надорад, ки нархи билети он – 50 сомонӣ мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".