Идомаи амалисозии лоиҳаҳои ТИКА дар самти тандурустӣ

Аз тарафи Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсози ТИКА шуъбаи инфексионии кӯдаконаи Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода аз таъмир бароварда шуд ва бо таҳхизотҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд. Бо дархости Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ошёнаи сеюми беморхонаи шаҳри Турсунзода, ки 300.000 аҳолӣ дорад аз таъмир бароварда шуд ва бо таҷҳизотҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд […]

Иттилоияи расмӣ

Аз тарафи Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсози ТИКА шуъбаи инфексионии кӯдаконаи Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода аз таъмир бароварда шуд ва бо таҳхизотҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Бо дархости Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ошёнаи сеюми беморхонаи шаҳри Турсунзода, ки 300.000 аҳолӣ дорад аз таъмир бароварда шуд ва бо таҷҳизотҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд ва ба сифати шуъбаи инфексионии кӯдакона мавриди истифода қарор дода шуда, ҳамасола наздики 3 000 беморонро қабул менамояд.

Дар натиҷаи лоиҳаи амалигардонидашудаи ТИКА ошёнаи сеюми беморхона, ки бо сабаби муҳайё набудани шароитҳои лозима истифода намешуд, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, потенсиали беморхона афзуд ва шуъбаи инфексионии кӯдакона бо 33 ҷойи хоб ташкил карда шуд.

Дар шуъбаи мазкур ба ғайр аз ҳуҷраҳои беморон, инчунин ҳуҷраи нигоҳубини шадид, ҳуҷраи ёрии таъҷилии тиббӣ, ҳуҷраҳо барои духтурон ва ҳамшираҳо мавҷуданд. Ҳангоми таъмир масолеҳи сифати баланд истифода шуда, қисми зиёди таҷҳизот аз Туркия оварда шудааст

Маросими ифтитоҳи шуъбаи мазкур 10 июли соли 2018 бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода Хоҷа, сафири Туркия дар Точикистон Алӣ Рифат Коксал ва ноиби президенти ТИКА Мехмет Суреййа Эр ба нақша гирифта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.