Комиссари ҳарбии Қубодиён аз навраси бемори дил пора талаб кард

Комиссари ҳарбии ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Фаррух Каримов аз даъватшаванда барои додани шаҳодатномаи ҳарбӣ пора талаб кардааст, ҳарчан пешакӣ медонист, ки ҷавон бемор буда, ба хизмати ҳарбӣ ноқобил аст. Комиссари ҳарбӣ ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 3 ҳазор сомонӣ дастгир шуд. «Даъватшавандаи маҳаллӣ Мақсад Шарипов бемории қалб дошта, барои ноқобил буданаш ба хизмат дар сафи […]

Asia-Plus

Комиссари ҳарбии ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Фаррух Каримов аз даъватшаванда барои додани шаҳодатномаи ҳарбӣ пора талаб кардааст, ҳарчан пешакӣ медонист, ки ҷавон бемор буда, ба хизмати ҳарбӣ ноқобил аст. Комиссари ҳарбӣ ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 3 ҳазор сомонӣ дастгир шуд.

«Даъватшавандаи маҳаллӣ Мақсад Шарипов бемории қалб дошта, барои ноқобил буданаш ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ аз комиссияи тиббӣ хулоса гирифтааст, ки комиссари ҳарбӣ онро сарфи назар кардааст», – хабар медиҳад хадамоти матбуоти Агентии зиддифасод.

Гуфта мешавад, оид ба ҳолати зикршуда нисбати Фаррух Каримов бо моддаи 319 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио