Ҳарорат каме поин фаромада, лекин чангу ғубор зиёд мешавад

Дар давраи рӯзҳои 25-28 июл дар қаламрави ҷумҳурӣ понравии ҳарорати рӯзона дар назар буда, ҳаво серчангу ғуборолуд мешавад. Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, ҳарорат 4-6 дараҷа паст мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо ба ҷуз ВМКБ, суръати вазиши шамол аз самти ғарб бо чангу ғубор то 17-2 метр дар як сония меафзояд, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносӣ. Ҳамчунин обуҳавошиносон ҳушдор […]

Asia-Plus

Дар давраи рӯзҳои 25-28 июл дар қаламрави ҷумҳурӣ понравии ҳарорати рӯзона дар назар буда, ҳаво серчангу ғуборолуд мешавад. Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, ҳарорат 4-6 дараҷа паст мешавад.

Дар баъзе ноҳияҳо ба ҷуз ВМКБ, суръати вазиши шамол аз самти ғарб бо чангу ғубор то 17-2 метр дар як сония меафзояд, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносӣ.

Ҳамчунин обуҳавошиносон ҳушдор медиҳанд, ки рӯзҳои 24-25 июл дар натиҷаи болоравии ҳарорат дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон хатари болоравии сатҳи об боқӣ монда, дар ноҳияҳои баландкӯҳ хавфи фаромадани сел аз обшавии барфу пиряхҳо аз эҳтимол дур нест.

Дар ҳамин ҳол, вақте ки дар Тоҷикистон мардум аз гармии тоқатфарсо азоб мекашанд, дар шаҳрҳои Толятти ва Крсанодари Русия бар асари боришоти шадид роҳҳо ба дарёҳо табдил ёфтанд.

Дар Толятти рӯзи 21 июл боришоти шадид ба амал омада, чанде аз кӯчаҳо зери об монданд, хабар медиҳад Медуза. Ду нафар сокинони маҳаллӣ аз лаҳзаи қулай истифода бурда, бо кӯрпаи ҳавопуршуда (матрас) ба шиноварӣ гузаштанд.

То ин дам борони шадид кӯчаҳои Краснодарро хеле сероб кард. Сокинони шаҳр дар кӯчаҳо бо қаиқҳо равуо намуда, кӯдакон бевосита дар пиёдароҳҳои обзеркарда оббозӣ карданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.