«Тоҷикстандарт»: мусодираи беш аз ҳазор тонна маҳсулоти пастсифат

Кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» аз оғози сол беш аз ҳазор тонна маҳсулоти хӯроквориро мусодира намуданд, ки ба меъёрҳо мутобиқ набуда, ё худ муҳлаташ гузашта ва ё вайрон шуда буд. «Қисмате аз ин маҳсулот пастсифат ва боқимонда ғайримутобиқ ба меъёрҳои тамғабандӣ дониста шуд», – хабар дод зимни нишасти хабарӣ директори Агентии «Тоҷикстандарт» Қудрат Давлатзода. Ба гуфтаи ӯ, […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» аз оғози сол беш аз ҳазор тонна маҳсулоти хӯроквориро мусодира намуданд, ки ба меъёрҳо мутобиқ набуда, ё худ муҳлаташ гузашта ва ё вайрон шуда буд.

«Қисмате аз ин маҳсулот пастсифат ва боқимонда ғайримутобиқ ба меъёрҳои тамғабандӣ дониста шуд», – хабар дод зимни нишасти хабарӣ директори Агентии «Тоҷикстандарт» Қудрат Давлатзода.

Ба гуфтаи ӯ, нимсолаи аввали соли 2018 кормандони Агентӣ наздики 2 ҳазору 350 ҳолати ба бозори дохилӣ ворид шудани маҳсулоти хӯроквориро ошкор намуданд, ки ба меъёрҳои амнияти озуқаворӣ ҷавобгӯ набуданд.

«Дар байни ин маҳсулот беш аз 300 тонна маснӯоти гӯштӣ, 153 тонна орди гандум, 136 тонна маснӯоти қаннодӣ, зиёда аз 105 тонна иловаҳои гуногун ба ғизо, наздики 68 тонна машрубот, 58 тонна чой ва ғайра мусодира шуд, ки дар маҷмӯъ беш аз 1,1 ҳазор тоннаро ташкил дода, ин маҳсулот метавонист рӯйи мизи тоҷикистониён афтад», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки қисмати зиёди ин маҳсулотро соҳибкорон аз хориҷи кишвар ба қаламрави ҷумҳурӣ ворид кардаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио