Тамринҳо дар Ҷелонди бо «маҳви гурӯҳҳои террористӣ» анҷом ёфтанд

Тамринҳои фаврӣ-стратегии низомиёни ду кишвар дар машқгоҳи Ҷелонди оид ба мудофиаи қаламрави гарнизони Хоруғ бо маҳви гурӯҳҳои террористии эҳтимолӣ, ки сарҳади давлатии Тоҷикистонро убур карда буданд, анҷом пазируфтанд. Воҳидҳои сайёри тирандозии пойгоҳи низомии 201 тарзу усулҳои ҳамкории муштаракро бо нерӯҳои қудратии Тоҷикистон дар ҷараёни амалиёти озодкунии маҳаллаи аҳолинишин ва поккории он аз «гурӯҳҳои ғайриқонунии ҳарбӣ» […]

Наим Халимов

Тамринҳои фаврӣ-стратегии низомиёни ду кишвар дар машқгоҳи Ҷелонди оид ба мудофиаи қаламрави гарнизони Хоруғ бо маҳви гурӯҳҳои террористии эҳтимолӣ, ки сарҳади давлатии Тоҷикистонро убур карда буданд, анҷом пазируфтанд.

Воҳидҳои сайёри тирандозии пойгоҳи низомии 201 тарзу усулҳои ҳамкории муштаракро бо нерӯҳои қудратии Тоҷикистон дар ҷараёни амалиёти озодкунии маҳаллаи аҳолинишин ва поккории он аз «гурӯҳҳои ғайриқонунии ҳарбӣ» омӯзишу мавриди таҷриба қарор доданд.

Як воҳиди ҳавопаймоҳои қиркунандаи Су-25 дар рафти амалиёт нерӯҳои ҳарбиро аз фазо дастгирӣ намуданд.

Дар марҳилаи хотимавии тамринҳо хизматчиёни ҳарбии Русия ва Тоҷикистон террористони эҳтимолиро, ки дар минтақаи кӯҳсор ақиб менишастанд, таъқиб ва аз байн бурданд.

Ёдрас мекунем, ки ба ин тамринҳо аз ҷониби пойгоҳи низомии 201-уми Русия воҳидҳои сайёри тирандоз дар ҳайати наздики 400 хизматчии ҳарбӣ ва беш аз 80 адад техникаи ҳарбӣ ва аз ҷониби Тоҷикистон – ҳудуди 700 нафар ва зиёда аз 40 адад техникаи ҳарбӣ сафарбар шуд. Дар амалиёти сафарбарӣ то 10 ҳазор нафар афсарон ва сарбозони эҳтиётӣ иштирок карданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.