Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Созмони байнулмилалиии муҳоҷират дар ҳамдастӣ бо «СММ-занон» дар Душанбе оид ба таҳқиқот ва таҳияи стратегияи иттилоотӣ-тавзеҳотӣ дар мавзӯи «Талабот ва ҳуқуқи занону духтарони муҳоҷир дар Тоҷикистону Қирғизистон ва роҳҳои амалисозии он» семинар мегузаронад; – Дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт намоишгоҳ-фурӯши маҳсулоти заргарон ва кулолгарони тоҷику ӯзбек доир мегардад; – Дар студияи рақси «Падида» машғулияти […]

АНОНС

– Созмони байнулмилалиии муҳоҷират дар ҳамдастӣ бо «СММ-занон» дар Душанбе оид ба таҳқиқот ва таҳияи стратегияи иттилоотӣ-тавзеҳотӣ дар мавзӯи «Талабот ва ҳуқуқи занону духтарони муҳоҷир дар Тоҷикистону Қирғизистон ва роҳҳои амалисозии он» семинар мегузаронад;

– Дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт намоишгоҳ-фурӯши маҳсулоти заргарон ва кулолгарони тоҷику ӯзбек доир мегардад;

– Дар студияи рақси «Падида» машғулияти басаҳнагузоранда-хореограф Владислав Миретский (Ӯзбекистон) баргузор мешавад. Оғоз соати 15:00.

Нишастҳои матбуотии Вазорату идораҳо ва корхонаву ташкилотҳои кишвар оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2018 рӯзи 24 июл:

– Нишасти матбуотии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа соати 9 дар толори Маркази матбуотии ҷумҳуриявии «Ховар» гузаронида мешавад;

– Роҳбарияти Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо намояндагони ВАО соати 10 дар маҷлисгоҳи Иттифоқи «Тоҷикматлубот» мулоқот мекунад;

– Нишасти матбуотии Бонки давлатии амонатгузорӣ «Амонатбонк» соати 11 дар толори ММҶ «Ховар» гузаронида мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.4200 сомонӣ;

1 евро – 11.0336 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1492 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2012 — Дар Хоруғ амалиёти махсуси несту нобуд кардани гурӯҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ оғоз гардид.

1944-2001 – Зодрӯзи шоир Ҷамолиддин Каримзода.

1945-2005 – Мавлуди файласуф Моҳирхӯҷа Султонзода.

1955 – Зодрӯзи доктори улуми сиёсӣ Раҳимҷон Ҳасанов.

1957 – Мавлуди мунаҷҷим Носирҷон Маҳмудов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +32+37; дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +26+31.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +23+28, рӯзона +39+44; дар доманакӯҳҳо шабона +18+23, рӯзона +33+38.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +16+21, рӯзона +32+37; дар шарқ шабона +7+12, рӯзона +21+26.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +36+41; дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +31+36.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +41+43.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +23+25, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +23+25, рӯзона +40+42.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +33+35.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.