Коршинос: кӯшишҳои дарёфти пайи Давлати исломӣ дар Данғара бефоида аст

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

– Кӯшишҳои даст доштани Давлати исломӣ дар куштори сайёҳон дар ноҳияи Данғара бефоида буда, лекин бо итминон метавон гуфт, ки дар он ҷо амали террористӣ содир шуд, – изҳор дошт дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” собиқадори мақомоти амнияти давлатии Тоҷикистон Давлатхоҷа Назиров.

Полковники мустаъфии Кумитаи давлатии бехатарии Иттиҳоди Шӯравӣ мутмаин аст, ки дар Тоҷикистон “умуман ягон ташкилоти ибтидоии Давлати исломӣ вуҷуд надошта, танҳо метавон пайравони Ҳаракати исломии Туркистонро дарёфт кард, ки аз пайвастшавиашон ба Давлати исломӣ хабар доданд”.

“Дар ҷангҳои Ироқу Сурия сутунмуҳраи Давлати исломиро шикастанд, имрӯз ин созмони террористӣ дар ҳеҷ куҷои дунё коре аз дасташ намеояд, амалҳои террористиро аз номи ин созмон дар Афғонистону кишварҳои Аврупо дигар созмонҳои террористӣ, аз қабили Толибон, “Ҷабҳат-а-Нусра”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ” содир мекунанд”, – гуфт полковники мустаъфӣ.

Номбурда муътақид аст, ки имрӯз “боқимондаҳои Давлат исломӣ масъулияти ҳамаи амалҳои террористиро, ки дар нуқтаҳои гуногуни дунё содир мешаванд, ба дӯши худ мегиранд, то ки нуфузи худро нигоҳ дошта, аз зинда буданашон дарак диҳанд”.

“Дар баробари ин, ба ақидаи ман, агар ҳамла ва куштори сайёҳони хориҷӣ бо мақсади ғоратгарӣ ё роҳзанӣ сурат гирифта бошад ҳам, онро ҳамчун амали террористӣ бояд муайян кард, ки дар натиҷа ба обрӯву нуфузи Тоҷикистон ва имиҷи сайёҳии он зиёни бузург расонида шуд”, – илова намуд коршинос.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...