Давлати исломӣ навори видеои савгандёдкунии тоҷикистониёнро нашр кард

Гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” навори видеоеро нашр кард, ки дар он панҷ нафар ҷавонон аз Тоҷикистон ҷиҳати садоқат ба Давлати исломӣ савганд ёд мекунанд. Портали SITE Intelligence Group, ки пайгири фаъолияти иттилоотии ифротгароён аст, хабар медиҳад, ки дар навор ҷавононе мебошанд, ки ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғара ҳамла кардаанд. Ҳамин гурӯҳи мониторингӣ қаблан иттилоъ дода […]

Гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” навори видеоеро нашр кард, ки дар он панҷ нафар ҷавонон аз Тоҷикистон ҷиҳати садоқат ба Давлати исломӣ савганд ёд мекунанд.

Портали SITE Intelligence Group, ки пайгири фаъолияти иттилоотии ифротгароён аст, хабар медиҳад, ки дар навор ҷавононе мебошанд, ки ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғара ҳамла кардаанд.

Ҳамин гурӯҳи мониторингӣ қаблан иттилоъ дода буд, ки созмони террористии Давлати исломӣ (фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ аст) масъулияти ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистонро ба дӯш гирифт.

Дар робита ба ҳодисаи қатли сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара ВКД Тоҷикистон субҳи рӯзи 31 июл изҳор дошт, ки фармоишгар ва аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша дар сафҳои созмони террористии Ҳизби наҳзати ислом (ҲНИ) қарор дошта, дар Эрон таълимоти динӣ гирифтаанд.

Дар натиҷа 4 нафар сайёҳони хориҷӣ – Аустин Ҷей, Лаурен Анне Мунотз шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Воке Рен Виллем шаҳрванди Нидерландия, Хамел Маркус шаҳрванди Шветсария ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар Ким Айрис ва Дименд Мари Клер шаҳрвандони Шветсария дар ҳолати вазнин ба беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ карда шудаанд. Шаҳрванди Франсия Казабат Гуиллаюм Ҷеан осеб надидааст.

Дар ҷараёни амалиёти махсус оид ба дастгир кардани ҳамлагарон 4 нафар кушта ва боз 5 тан аз гумонарон боздошт шуданд. Аксҳои онҳо дар сомонаи расмии ВКД нашр шуд.

Санҷиши шахсияти ҷавонон дар навори видео, ки дар Твиттер низ нашр шудааст ва афродеро, ки кушта ё боздошт шудаанд, алҳол ғайриимкон мебошад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон изҳороти Давлати исломиро дар бораи даст доштанаш ба ташкили ин ҳамла шарҳ надод. Баъди нашри навори видео низ дастрас кардани шарҳу тавзеҳ аз ВКД муяссар нашуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.