МТС: Маҷлиси Дортмунд гувоҳи заифии Ҳизби наҳзати ислом аст

– Маҷлиси Дортмунд ҷудоӣ байни Ҳизби наҳзати ислом (ҲНИ) ва дигар созмонҳоро нишон дод, – гуфт зимни нишасти хабарӣ директори Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти ҶТ Худойбердӣ Холиқназар. – Ҳамаи мухолифони дунявӣ ба муколама бо ҲНИ хотима бахшиданд. Ин ҳизби террористӣ ба дилашон зад. Ин ҷудоӣ байни онҳо, албатта ба нафъи Тоҷикистон аст. Муовини […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

– Маҷлиси Дортмунд ҷудоӣ байни Ҳизби наҳзати ислом (ҲНИ) ва дигар созмонҳоро нишон дод, – гуфт зимни нишасти хабарӣ директори Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти ҶТ Худойбердӣ Холиқназар. – Ҳамаи мухолифони дунявӣ ба муколама бо ҲНИ хотима бахшиданд. Ин ҳизби террористӣ ба дилашон зад. Ин ҷудоӣ байни онҳо, албатта ба нафъи Тоҷикистон аст.

Муовини директори Марказ Сайфулло Сафаров изҳор намуд, ки маҷлиси ҲНИ дар Дортмунд (Олмон) гувоҳи заифии пурраи мавқеи он дар арсаи байнулмилалӣ аст.

“Эътирозу раҳпаймоӣ ва маҷлисҳои ҲНИ ба амнияти Тоҷикистон таҳдид карда наметавонанд, зеро дар дар иқтисоду ҳаёти ҷомеаи ҷумҳурӣ сулҳу суботи устувор мустақар аст ва онҳо дигар ба рӯҳияи мардуми кишвар таъсир расонида наметавонанд”, – қайд кард Сафаров.

Ҳамчунин зикр шуд, ки ба гирдиҳамойӣ дар шаҳри Олмон дастандаркорони он беш аз 300 нафар ҷонибдорони мухолифинро гирд оварданӣ буданд.

“Яке аз намояндагони мухолифин худаш иқрор шуд, ки дар ин маҷлис ҳамагӣ 60 нафар ҳузур доштаанд”, – мегӯяд Сафаров.

Ба ақидаи ӯ, шахсоне чун “Ҳафиз Бобоёров, Додоҷон Атовуллоев, ки ба зиндагӣ бо нигоҳи дунявӣ менигаранд, бо Кабирӣ муттаҳид намешаванд”.

“Ҳамин тариқ, ҳизби заифшуда ва нуфузашро аздастдода “дигар имкон надорад, ки ба сулҳу субот дар Тоҷикистон хатар эҷод созад”, – афзуд Сафаров.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.