Кумаки ИМА дар тафтиши ҳамла ба сайёҳон. Эрон даст доштанашро рад мекунад

Роҳбари дафтари матбуоти Департаменти давлатии ИМА Хезер Науэрт итминон дод, ки Кохи сафед дар тафтиши ҳолатҳои ҳамла ба гурӯҳи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон кумак мекунад. “Ҳукумати ИМА ба ҳуқумати Тоҷикистон, ки тафтишот зери назораташ аст, дар ин кор кумаку мусоидат менамояд”, – изҳор доштааст намояндаи Вазорати корҳои хориҷии ИМА. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад. […]

Asia-Plus

Роҳбари дафтари матбуоти Департаменти давлатии ИМА Хезер Науэрт итминон дод, ки Кохи сафед дар тафтиши ҳолатҳои ҳамла ба гурӯҳи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон кумак мекунад.

“Ҳукумати ИМА ба ҳуқумати Тоҷикистон, ки тафтишот зери назораташ аст, дар ин кор кумаку мусоидат менамояд”, – изҳор доштааст намояндаи Вазорати корҳои хориҷии ИМА. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, ӯ илова намудааст, ки Вашингтон алҳол тасдиқ карда наметавонад, ки масъулияти ин ҳамла дарвоқеъ ҳам ба дӯши гурӯҳи террористии Давлати исломӣ аст.

“Айни замон мо тасдиқ карда наметавонем, ки кӣ барои ин ҳамла масъул аст”, – қайд кардааст Науэрт.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукуматдорони Тоҷикистон ҳам дар тафтиши ҳодиса бо Департаменти давлатӣ ҳамкорӣ доранд.

Науэрт ҳамчунин гуфтааст, Вазорати корҳои хориҷии ИМА алҳол ба шаҳрвандонаш тавсия надодааст, ки аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Эрон, ки ВКД Тоҷикистон дар бораи даст доштанаш дар ин ҳодиса изҳори назар карда буд, ин гуфтаҳоро рад намуда, ҳодисаро қотеъона маҳкум менамояд. Дар ин бора рӯзи сешанбе намоянаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Эрон Баҳром Қосимӣ иттилоъ дод, хабар медиҳад агентии Tasnim.

“Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳама гуна ҳолати даст доштан ба ин ҳодиса ва мавҷудияти пойгоҳҳои таълимии низомии тахрибиро дар қаламрави худ қотеъона рад мекунад. Мо қотеъона ҳодисаи рухдодаро маҳкум намуда, ба мусоидат ба ҷониби Тоҷикистон дар тафтиши ҳодиса омодаем”, – гуфтааст ӯ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.