Таъсиси шуъбаи сайёҳии милитсия дар Тоҷикистон

Бо дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД шуъбачаи сайёҳии милитсия таъсис дода шуд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 31 июл бо супориши вазири корҳои дохилӣ дар Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумат бо иштироки раиси Кумита Нуъмон Абдуғафорзода, сардори Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии […]

Бо дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД шуъбачаи сайёҳии милитсия таъсис дода шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 31 июл бо супориши вазири корҳои дохилӣ дар Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумат бо иштироки раиси Кумита Нуъмон Абдуғафорзода, сардори Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД Анварҷон Ализода ва роҳбарони 43 ширкати сайёҳӣ ҷаласа баргузор гардида, дар бораи таъсиси ин шуъбача маълумот дода шуд.

Вазифаҳои шуъбаи сайёҳии милитсия аз ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амният, роҳбаладии сайёҳон, додани маълумоти зарурӣ ба онҳо, кӯмак расонидан ба сайёҳони хориҷӣ, ҳифз намудани манфиати сайёҳон, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни сайёҳон ва содир гардидани ҷиноят нисбати сайёҳон ва ғайра иборат аст.

Гуфта мешавад, зикр гардидааст, ки агар лозим шавад бо хоҳиши сайёҳон кормандони шуъбачаи сайёҳӣ роҳбаладии сайёҳонро то ҷои лозима дар дохили кишвар анҷом дода, амнияти онҳоро таъмин менамоянд.

Кормандони шуъбачаи мазкур ба донистани якчанд забони хориҷӣ ва муоширати озодона бо онҳо, огаҳии хуб доштан аз имконоти сайёҳии кишвар уҳдадор мебошанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ширкатҳо аз вохӯрӣ бо сохтори навтаъсиси мақомоти корҳои дохилӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд карданд, ки дар оянда ҳамкориро бо ин ниҳоди навтаъсис бениҳоят зич ба роҳ мемонанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.