«Азия-Плюс» ба амалисозии лоиҳаи нави «Моддаи 19» оғоз мекунад

Ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ дар моддаи 19 Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванд сарфи назар аз мақом ва сатҳи некӯаҳволии моддиаш, дарҷ ёфтааст. Дар лоиҳаи нави «Моддаи 19» мо дар бораи дар сурати зарурат  чӣ гуна аз ин ҳуқуқ истифода бурдан, ба куҷо муроҷиат кардани шаҳрвандон ва ба чӣ натиҷа умедвор шудани онҳо маълумоти зарурӣ […]

Asia-Plus

Ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ дар моддаи 19 Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванд сарфи назар аз мақом ва сатҳи некӯаҳволии моддиаш, дарҷ ёфтааст. Дар лоиҳаи нави «Моддаи 19» мо дар бораи дар сурати зарурат  чӣ гуна аз ин ҳуқуқ истифода бурдан, ба куҷо муроҷиат кардани шаҳрвандон ва ба чӣ натиҷа умедвор шудани онҳо маълумоти зарурӣ пешниҳод хоҳем кард.

Моҳи июли соли 2015 Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади рушди низоми давлатии расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба аҳолӣ Консепсияи расонидани кумаки ройгони ҳуқуқиро ба аҳолӣ тасдиқ намуд.

Конститутсияи Тоҷикистон, моддаи 19: «Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд. Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир, ҳабс кардан мумкин нест. Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад».

Барои амалисозии ҳадафҳои Консепсия Ҳукумат дар назди Вазорати адлия Муассисаи давлатии «Маркази кумаки ҳуқуқӣ» таъсис дод; дар минтақаҳои дурдасти кишвар Дафтарҳои давлатии ҳуқуқӣ боз шуданд, ки дар онҳо ҳуқуқшиносон машғули кор буда, машваратҳои бепули ҳуқуқӣ медиҳанд.

Ҳар як шаҳрванли ҷумҳурӣ метавонад барои кумак ба Дафтарҳои давлатии ҳуқуқӣ муроҷиат намуда, комилан ройгон кумак гирад. Ва ин низом кор мекунад: одамон бо ёрии ҳуқуқшиносон мушкилоти ҳуқуқии худро пурсамар ҳал мекунанд.

Дар лоиҳаи махсуси «Моддаи 19» мо дар бораи чӣ гуна дар амал иҷро шудани Консепсияи расонидани кумаки ройгони ҳуқуқӣ ба аҳолӣ, аз ҷониби киҳо кор кардан рӯйи ин масъала ва ба кадом натиҷаҳо расидани Тоҷикистон дар оянда маълумот хоҳем дод.

Лоиҳаи мазкур бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи «Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ» дар ҳамдастӣ бо Хелветас Свисс Интеркооперейшн бо дастгирии молиявии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ва ВКХ Финландия амалӣ мешавад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.