Ба кор қабулшудагон эъломияи даромад месупоранду озодшудагон мукофотпулӣ мегиранд

Дар Тоҷикистон акнун шахсон пеш аз оғози кор дар мақомоти давлатӣ ба пешниҳоди эъломия дар бораи даромад ва амволашон уҳдадор мешаванд. Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз, 2 август якдилона аз ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи хизмати давлатӣ” ҷонибдорӣ намуданд, ки дар онҳо навгонии зикршуда пешбинӣ гардидааст. Ба ақидаи узви Маҷлиси […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон акнун шахсон пеш аз оғози кор дар мақомоти давлатӣ ба пешниҳоди эъломия дар бораи даромад ва амволашон уҳдадор мешаванд.

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз, 2 август якдилона аз ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи хизмати давлатӣ” ҷонибдорӣ намуданд, ки дар онҳо навгонии зикршуда пешбинӣ гардидааст.

Ба ақидаи узви Маҷлиси миллӣ Миралӣ Раҷабзода тағйироту иловаҳо ба коҳиши хатари ҷиноятҳои коррупсионӣ дар мақомоти давлати нигаронида шудааст.

Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон ҳамчунин ба пешниҳоди эъломия дар бораи даромаду амвол ҳамасола охири моҳи март низ вазифадоранд.

Ғайр аз ин, мувофиқи тағйироту иловаҳои тасдиқшуда, ҳамаи кормандони мақомоти давлатӣ зимни аз кор рафтан бо хоҳиши худ, сарфи назар аз собиқаи корӣ, барои кори бенуқсон метавонанд дар ҳаҷми маоши семоҳа мукофотпулӣ гиранд.

Қаблан чунин имтиёз танҳо барои кормандоне пешбинӣ шуда буд, ки то аз кор рафтан бо хоҳиши худ 15 сол дар мақомоти давлатӣ бенуқсон кор карда буданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.