Сенаторҳо ҳукуматро дастгирӣ карданд: ришвахӯрон зиндонӣ мешаванд

Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон рӯзи 2 август аз тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумат ба баъзе моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ ҷонибдорӣ намуд. Дар тағйироту иловаҳо барои ришвахӯрӣ бо ҳукми суд ҷазои маҳруммият аз озодӣ пешбинӣ шудааст. Узви Маҷлиси миллӣ (сенатор) Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ зимни суханрониаш қайд кард, ки мувофиқи тағйироту иловаҳо, шахсони […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон рӯзи 2 август аз тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумат ба баъзе моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ ҷонибдорӣ намуд. Дар тағйироту иловаҳо барои ришвахӯрӣ бо ҳукми суд ҷазои маҳруммият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Узви Маҷлиси миллӣ (сенатор) Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ зимни суханрониаш қайд кард, ки мувофиқи тағйироту иловаҳо, шахсони маҳкумшуда барои ҷиноятҳои марбут ба ришвахорӣ дигар ба ивази супоридани ҷарима озод шуда наметавонанд. Онҳо дар маҳбас адои ҷазо мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки 10 феврали соли 2016 палатаи поёнии парлумон тағйироту илова ба чанде аз моддаҳои Кодекси ҷиноятии Тоҷикистонро, ки дар он ивази ҷавобгарии ҷиноӣ ба ҷарима барои содир намудани ҷиноятҳои марбут ба ришвахорӣ пешбинӣ  гардида буд, маъқул шуморид.

Мутобиқи тағйироту иловаҳои он замон қабулшуда, шахсони барои ҷиноятҳои дар боло зикргардида маҳкумшуда ба ивази ҷарима озод шуда метавонистанд.

Ҳамин тариқ, шахсони маҳкумшуда бо пардохти ҷарима дар ҳаҷми 200 сомонӣ барои ҳар як рӯзи ҳузур дар муассисаи ислоҳотӣ, ба озодӣ баромада метавонистанд.

Он замон дар парлумон зикр карда буданд, ки “ин ташаббуси ҳукумати кишварро метавон иқдоми башардӯстона унвон кард”.

“Тағйироту иловаҳои моҳи феврали соли 2016 қабулшуда ба коҳиши сатҳи коррупсия мусоидат накарда, баръакс тайи солҳои охир ришвахорӣ дар Тоҷикистон тамоили устувори афзоишро касб кардааст”, – изҳор дошт муовини роҳбари Агентии зиддифасод Тоҳир Нурзода.

Айни замон мутобиқи меъёрҳои модда 319 Кодекси ҷиноии ҶТ, барои ҷиноятҳои марбут ба ришвахорӣ ба муҳлати аз 5 то 12 соли маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи амвол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар моддаи 320 Кодекси ҷиноятии ҶТ барои порадиҳӣ ба муҳлати аз 5 то 10 сол бо мусодираи амвол ҷазо таъин гардидааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.