Қонуншиканӣ набуд: дастурхонҳо мувофиқи андоза ороста шуданд

Date:

Кормандони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон дар дастурхонороӣ ба муносибати ҷашни Иди саиди Қурбон ягон ҳолати вайрон кардани қоидаҳоро пайдо накардаанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сухангӯи Кумита Муқим Афшин дар ин робита хабар дод, рӯзи 21 август кормандони Кумита дар аксари минтақаҳои кишвар рейдҳои интихобӣ гузаронида, ба манзиди бархе аз шаҳрвандон рафтанд, то ки андозаи оростани дастурхонаи идонаро муайян созанд ва дар ягон ҷой чунин қонуншиканӣ ба мушоҳида нарасидааст.

Ёдрас мекунем, ки андозаи дастурхони идона то 1х1,5 метр муқаррар шуда, рӯи он бояд мева ва чанде аз навъҳои шириниҳои идона, аз ҷумла чагалдак ва орзуқ гузошта мешуд. Хушкмева ҳам ба қадри начандон зиёд иҷоза буд. Барои риоя нашудани ин қоидаҳо барои қонуншиканон 5 ҳазор ҷарима пешбинӣ гардида буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...