Дар «Рисолати сулҳовар-2018» Тоҷикистон аз техникаи зиреҳпӯши Русия истифода мекунад

Воҳиди махсуси Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки ба ҳайати воҳидҳои зудамали СААД дохил аст, дар машқҳои фармондеҳӣ-ситодии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай – «Рисолати сулҳовар-2018» иштирок мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҶТ дар ин робита хабар дод, дар ин тамрин воҳидҳои Тоҷикистон аз техникаи зиреҳпӯш ва силоҳи оташфишони Русия истифода мекунанд. Русия […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Воҳиди махсуси Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки ба ҳайати воҳидҳои зудамали СААД дохил аст, дар машқҳои фармондеҳӣ-ситодии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай – «Рисолати сулҳовар-2018» иштирок мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҶТ дар ин робита хабар дод, дар ин тамрин воҳидҳои Тоҷикистон аз техникаи зиреҳпӯш ва силоҳи оташфишони Русия истифода мекунанд.

Русия танкҳои Т-72, нақлиёти зиреҳпӯши БТР-80, БМП-2, ҳамчунин автомобилҳои пуриқтидори «Урал» ва силоҳи оташфишонро ба ихтиёри сарбозону афсарони тоҷик месупорад.

Бино ба гуфтаи манбаъ, дар машқҳои бузургмиқёси СҲШ берун аз ҳудуди кишварҳо чанде аз ҳайатҳои давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистону Қирғизистон ва Покистону Ҳиндустон бидуни аслиҳаву муҳимот ва техникаи зиреҳпӯш меоянд. Ҷониби қабулкунанда муваққатан онҳоро бо техника ва аслиҳаву муҳимот таъмин мекунад.

Ҳайати Тоҷикистонро дар ин машқҳо сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиа генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода роҳбарӣ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки аз 22 то 29 август дар машқгоҳи Чебаркули вилояти Челябински Русия тамринҳои муштараки зиддитеррористии фармондеҳӣ-ситодии кишварҳои узви СҲШ – «Рисолати сулҳовар-2018» баргузор мешавад.

Дар ин тамринҳо беш аз 3 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ аз Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон ва Покистон иштирок ва зиёда аз 500 адад силоҳу муҳимот ва техникаи низомӣ сафарбар мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.