Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласа оид ба Арал дар Туркманбошӣ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов пагоҳ, 24 август ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои муассисони Фонди байнулмилалии наҷоти Арал ба Туркманистон раҳсипор мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод. Дар ин ҷаласа, ки дар шаҳри Туркманбошӣ доир мегардад, масоили муҳими ҳамкории кишварҳои минтақаи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов пагоҳ, 24 август ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои муассисони Фонди байнулмилалии наҷоти Арал ба Туркманистон раҳсипор мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Дар ин ҷаласа, ки дар шаҳри Туркманбошӣ доир мегардад, масоили муҳими ҳамкории кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар самти беҳбуди вазъи экологии ҳавзаи баҳри Арал дар шароити тағйирёбии сартосарии иқлим баррасӣ мешаванд.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа қабули Баёнияи муштараки сарони кишварҳои Фонди байнулмилалии наҷоти Арал дар назар аст.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои Фонд як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон пешбинӣ шудааст.

Фонди байнулмилалии наҷоти Арал соли 1993 аз ҷониби сарони панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.