Хайрулло Мирсаидов: Агар лозим ояд, то суди Гаага меравам

Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон», ки бо қарори суди вилояти Суғд рӯзи 22 август аз зиндон озод шуд, дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки барои дарёфти адолат агар лозим ояд, то ба суди ҳуқуқи башари Гаага муроҷиат хоҳад кард. «Дар мақомоти болоии Тоҷикистон исрор хоҳам варзид, ки ҳамаи айбномаҳо нисбати ман […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон», ки бо қарори суди вилояти Суғд рӯзи 22 август аз зиндон озод шуд, дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки барои дарёфти адолат агар лозим ояд, то ба суди ҳуқуқи башари Гаага муроҷиат хоҳад кард.

«Дар мақомоти болоии Тоҷикистон исрор хоҳам варзид, ки ҳамаи айбномаҳо нисбати ман бекор шавад, – изҳор дошт Мирсаидов. – Мувофиқи ҳукми суди шаҳри Хуҷанд ва қарори ҳайати мушовара (коллегия)-и суди вилояти Суғд то ҳол ман ҷинояткорам, ҳарчанд ба қонуншиканӣ даст назадаам, ман ба ин розӣ нестам, ҳатман шикоят хоҳам бурд».

Ӯ корашро дар соҳаи журналистика идома доданист, лекин мегӯяд, эҳёи дастаи «КВН Тоҷикистон» дигар муяссар нахоҳад шуд.

«Баъди ҳабси ман аъзои даста мудом зери фишори мақомоти прокуратура қарор доштанд ва акнун ба гумон аст, ки дигар ба даста баргарданд, – иброз дошт ӯ. – Ғайр аз ин, муддати чор соли охир барои корашон онҳо ягон ҳақмузде нагирифтаанд. Даста пароканда шуд».

Ёдрас мекунем, ки бо қарори ҳайати мушовараи суди вилояти Суғд аз 22 август, Хайрулло Мирсаидов аз толори суд озод карда шуд.

Суди вилоят ҷазо нисбати Мирсаидовро аз рӯи ҳамаи се модда, ки қаблан тибқи онҳо ба ӯ аз ҷониби суди шаҳри Хуҷанд айбнома пешниҳод шуда буд, тағйир дод.

Аз ҷумла моддаҳои 245 ва 345 (маҳрумият аз озодӣ) ба ҷарима дар ҳаҷми наздики 80 ҳазор сомонӣ ва моддаи 346 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба корҳои ислоҳӣ иваз карда шуданд.

Иҷрои корҳои ислоҳӣ маънои онро дорад, ки Хайрулло Мирсаидов дар ҷойи дилхоҳаш кор карда метавонад ва 20% аз ҳаҷми музди меҳнаташро муддати 2 сол ба буҷети давлатӣ пардохт мекунад.

Суди шаҳри Хуҷанд санаи 11 июл рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндон маҳкум намуд. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои азхудкунӣ ё камомади маблағ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва дидаву дониста додани маълумоти бардурӯғ гунаҳкор эътироф гардид.

Пас аз содир шудани ҳукми суд оилаи Мирсаидов ба сифати ҷуброни зиёни муайяншуда аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ба нафъи давлат 124 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт намуд.

Сипас адвокатҳо доир ба бозбинии ҳукми суди шаҳри Хуҷанд шикояти таҷдиди назар (кассатсионӣ) пешниҳод намуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио