Таъмири 5 километр роҳи ҷамоати Хистеварз аз ҳисоби сарвазир

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода тасмим гирифтааст аз ҳисоби худ ва аъзои оилааш 5 километр роҳҳои мошингарди ҳудуди зодгоҳи худ – ҷамоати деҳоти Хистеварзро таъмир намоянд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, аввали ҳафта Қоҳир Расулзода шахсан дар маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ дар чанде аз кӯчаҳои ин ҷамоат иштирок кард. Ғайр аз ин, аз […]

Asia-Plus

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода тасмим гирифтааст аз ҳисоби худ ва аъзои оилааш 5 километр роҳҳои мошингарди ҳудуди зодгоҳи худ – ҷамоати деҳоти Хистеварзро таъмир намоянд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, аввали ҳафта Қоҳир Расулзода шахсан дар маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ дар чанде аз кӯчаҳои ин ҷамоат иштирок кард.

Ғайр аз ин, аз ҳисоби воситаҳои шахсии сарвазир яке аз кӯчаҳои ҷамоати Хистеварз ба таври замонавӣ чароғон мегардад.

Қоҳир Расулзода 8 марти соли 1961 дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омадааст.

Аз моҳи декабри соли 2006 то моҳи ноябри соли 2013 вазифаи раиси вилояти Суғдро ба уҳда дошт.

Санаи 23 ноябри соли 2015 Қоҳир Расулзода сарвазири Тоҷикистон таъин шуда, дар ин мансаб Оқил Оқиловро иваз намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио