Қонуншиканӣ набуд: дастурхонҳо мувофиқи андоза ороста шуданд

Кормандони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон дар дастурхонороӣ ба муносибати ҷашни Иди саиди Қурбон ягон ҳолати вайрон кардани қоидаҳоро пайдо накардаанд. Тавре ба «Азия-Плюс» сухангӯи Кумита Муқим Афшин дар ин робита хабар дод, рӯзи 21 август кормандони Кумита дар аксари минтақаҳои кишвар рейдҳои интихобӣ гузаронида, ба манзиди бархе аз шаҳрвандон рафтанд, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Кормандони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон дар дастурхонороӣ ба муносибати ҷашни Иди саиди Қурбон ягон ҳолати вайрон кардани қоидаҳоро пайдо накардаанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сухангӯи Кумита Муқим Афшин дар ин робита хабар дод, рӯзи 21 август кормандони Кумита дар аксари минтақаҳои кишвар рейдҳои интихобӣ гузаронида, ба манзиди бархе аз шаҳрвандон рафтанд, то ки андозаи оростани дастурхонаи идонаро муайян созанд ва дар ягон ҷой чунин қонуншиканӣ ба мушоҳида нарасидааст.

Ёдрас мекунем, ки андозаи дастурхони идона то 1х1,5 метр муқаррар шуда, рӯи он бояд мева ва чанде аз навъҳои шириниҳои идона, аз ҷумла чагалдак ва орзуқ гузошта мешуд. Хушкмева ҳам ба қадри начандон зиёд иҷоза буд. Барои риоя нашудани ин қоидаҳо барои қонуншиканон 5 ҳазор ҷарима пешбинӣ гардида буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.