Пешгирии қочоқи 3 млн. рубли нақд аз Хуҷанд ба Русия

Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд аз қочоқи 3 млн. рубл пули нақд аз шаҳри Хуҷанд ба Русия пешгирӣ намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон, зимни азназаргузаронии гумрукии мусофирон ва бору бағочи хатсайри Хуҷанд – Екатеринбург шаҳрванд Фирдавс Пӯлодов боздошт мешавад. «Дар ҷараёни санҷиш аз бадани ӯ миёнбанди худсоз […]

Asia-Plus

Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд аз қочоқи 3 млн. рубл пули нақд аз шаҳри Хуҷанд ба Русия пешгирӣ намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон, зимни азназаргузаронии гумрукии мусофирон ва бору бағочи хатсайри Хуҷанд – Екатеринбург шаҳрванд Фирдавс Пӯлодов боздошт мешавад.

«Дар ҷараёни санҷиш аз бадани ӯ миёнбанди худсоз ошкор ва дарёфт гардид, ки дар он асъори хориҷӣ ба маблағи умумӣ 3 млн. рубли русӣ дарёфт ва гирифта шуд, – омадааст дар хабари Хадамот. – Номбурда ин миқдор маблағро мехост бо тариқи пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ аз Тоҷикистон ба Россия интиқол диҳад».

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати боздоштшуда мутобиқи моддаҳои 32, қ. 3 ва 289, қ. 2 (қочоқ) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокуратураи нақлиёти Суғд фиристода шуд.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, шаҳрвандони кишвар ва хориҷӣ то 3 ҳазор долларро бидуни зикри маблағ дар эъломия аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар бароварда метавонанд. Дар сурати беш аз 3 то 10 ҳазор будани маблағи пулӣ мусофир бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ бояд эъломияи хаттӣ пур кунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.