Ҳақмузди якрӯзаи милитсияи сайёҳӣ 250 сомониро ташкил медиҳад

Барои кирои корманди милитсия ҷиҳати таъмини амнияти сайёҳон ширкатҳои сайёҳӣ ба Вазорати корҳои дохилӣ дар як рӯз 250 сомонӣ (25 доллар) маблағ пардохт мекунанд. Ғайр аз ин, ширкатҳо корманди милитсияро бояд боз бо ғизо ва ҷойи хоб таъмин намоянд. Дар шуъбаи милитсияи сайёҳии ВКД ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки онҳо танҳо дар қаламрави пойтахт хизматрасонии […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Барои кирои корманди милитсия ҷиҳати таъмини амнияти сайёҳон ширкатҳои сайёҳӣ ба Вазорати корҳои дохилӣ дар як рӯз 250 сомонӣ (25 доллар) маблағ пардохт мекунанд. Ғайр аз ин, ширкатҳо корманди милитсияро бояд боз бо ғизо ва ҷойи хоб таъмин намоянд.

Дар шуъбаи милитсияи сайёҳии ВКД ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки онҳо танҳо дар қаламрави пойтахт хизматрасонии бепул анҷом медиҳанд ва барои таъмини амнияти сайёҳон берун аз ҳудуди шаҳри Душанбе маблағ пардохтан зарур аст.

“Ширкатҳои сайёҳӣ, ки аз хизматгузории милитсияи сайёҳӣ истифода мебаранд, бояд ба корманди милитсия дар як рӯз 250 сомонӣ маблағ пардохт карда, ӯро бо хӯроки севақта ва ҷойи хоб дар тамоми рӯзҳои ҳамроҳи сайёҳон буданаш таъмин намоянд”, – гуфт манбаъ.

Менеҷери ширкати сайёҳии «Follow Tajikistan» Икром Ҳотамов ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки ширкати онҳо бо шуъбаи сайёҳии милитсия аллакай ҳамкорӣ дошт, лекин то имрӯз хизматрасонии онҳо ройгон буд.

“Аз замони таъсисёбӣ онҳо худашон ба мо муроҷиат намуда, хизматгузории бепул пешниҳод карданд. Ду маротиба корманди милитсия дар саёҳат моро ҳамроҳӣ кард. Онҳо ба мо дар ҳалли баъзе масъалаҳои тадорукотӣ кумак карданд. Аз ҳамкорӣ бо подполковник Дилафрӯз Каримова аз шуъбаи сайёҳии милитсия хушнудем. Рӯзҳои охир бо сайёҳон сарукор надоштем, аз ин рӯ аз тағйирот начандон огаҳӣ дорем. Лекин ҳатто дар сурати пулакӣ шудани хизматрасонӣ ҳам, ба ақидаи ман, онҳо заруранд, зеро ин ба масъалаи амнияти мизоҷони мо дахл дорад”, – мегӯяд Ҳотамов.

Директори иҷроияи ТҶ “Маркази рушди сайёҳӣ” Баҳриддин Исомуддинов қайд кард, ки онҳо бо шарикон ва ширкатҳои сайёҳӣ ин масъаларо ҳоло баррасӣ накардаанд, “вале фаҳмост, ки бепул кор кардан ғайриимкон аст”.

“Хароҷот дар ҳама ҷо зарур мешавад, вале мушкил дар он аст, ки ин сарбории иловагӣ ба сайёҳон ва ширкатҳои сайёҳӣ мебошад. Арзиши роҳхатҳои сайёҳӣ бе ин ҳам баланд аст, ин ҷо боз хароҷоти иловагӣ. Роҳхатҳо боз қиматтар мешаванд ва ин метавонад ба даст кашидани сайёҳон аз интихоби кишвари мо барои сафар боис гардад”, – зикр кард ӯ.

Қобили зикр аст, ки чанд моҳ пеш бо дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД шуъбачаи сайёҳии милитсия таъсис дода шуд.

Вазифаҳои шуъбаи сайёҳии милитсия аз ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амният, роҳбаладии сайёҳон, додани маълумоти зарурӣ ба онҳо, кӯмак расонидан ба сайёҳони хориҷӣ, ҳифз намудани манфиати сайёҳон, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни сайёҳон ва содир гардидани ҷиноят нисбати сайёҳон ва ғайра иборат аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио