Ҳалокати модару ҳамсари ронанда дар садамаи нақлиёт

Ронандаи автомашинаи тамғаи Opel Фаридун Балхиеви 38-сола нимаи рӯзи 22 август ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди Ховалинг – Восеъ дар қаламрави деҳаи Дороб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба дарахт бармехӯрад. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷа мусофирони дохили автомашина: модари ронанда, Суфиева Моҳҷонбии 68-сола ва ҳамсараш Лаълимои Қосимхӯҷаи 27-сола […]

Asia-Plus

Ронандаи автомашинаи тамғаи Opel Фаридун Балхиеви 38-сола нимаи рӯзи 22 август ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди Ховалинг – Восеъ дар қаламрави деҳаи Дороб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба дарахт бармехӯрад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷа мусофирони дохили автомашина: модари ронанда, Суфиева Моҳҷонбии 68-сола ва ҳамсараш Лаълимои Қосимхӯҷаи 27-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Гуфта мешавад, худи ронанда ва духтари бародараш, ноболиғ, Балхиева Меҳронаи 12-сола ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки як рӯз пеш аз Иди Қурбон дар ҳамин роҳ ронандаи автомашинаи тамғаи Opel Astra Маҳмадулло Шарифов Сорбон Насимҷони 10-соларо бо автомашина пахш карда буд, ки дар натиҷа писарчаи ноболиғ дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.