Ширкатҳо мавқуф гузоштани фурӯши симкортҳоро бо қоидаҳои нав дархост намуданд

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ба Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ бо дархости мавқуф гузоштани ҷорӣ гардидани қоидаҳои нави фурӯши симкортҳо бо тарифҳои нав, ки аз 1 сентябр пешбинӣ мешавад, муроҷиат намуданд. Онҳо умедворанд, ки ҷорӣ шудани қоидаҳои нави фурӯши симкортҳо то моҳи ноябр ба таъхир гузошта мешавад. Аз Хадамоти зиддинҳисорӣ ба ширкатҳои мобилӣ алҳол посухи расмӣ нарасида, онро […]

Asia-Plus

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ба Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ бо дархости мавқуф гузоштани ҷорӣ гардидани қоидаҳои нави фурӯши симкортҳо бо тарифҳои нав, ки аз 1 сентябр пешбинӣ мешавад, муроҷиат намуданд. Онҳо умедворанд, ки ҷорӣ шудани қоидаҳои нави фурӯши симкортҳо то моҳи ноябр ба таъхир гузошта мешавад.

Аз Хадамоти зиддинҳисорӣ ба ширкатҳои мобилӣ алҳол посухи расмӣ нарасида, онро ояндаи наздик интизоранд.

«Мо ба ҳуҷҷатгузории худ барои фурӯши симкортҳо бо тарифи тасдиқшудаи 250 сомонӣ аз 1 сентябр фурсат намеёбем», – қайд кард ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ширкатҳои алоқаи мобилии кишвар.

Аз 1 сентябр ҳамаи ширкатҳои мобилии кишвар ба фурӯши симкортҳо бо тарифи тасдиқшуда ба маблағи 250 сомонӣ уҳдадор шуданд. Ғайр аз ин, ширкатҳои мобилӣ ҳамчунин уҳдадор шуданд, ки ҷараёни бақайдгирии симкортҳоро бар асоси шиносномаҳои шарҳвандони Тоҷикистон (ё шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ) ба роҳ монанд.

Тариф барои иҷрои протоколи ҷаласаи муштараки чор ширкати мобилӣ: «Тcell», «ТТ-Мобайл», «Вавилон-Мобайл» ва «Таком» аз 8 августи соли 2018 ва қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2018 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ» муқаррар шудааст.

Мувофиқи тарифи тасдиқшуда, 250 сомонӣ нархи симкорт тариқи зайл муқаррар шудааст: 215 сомонӣ нархи пайвастшавӣ буда, 35 сомонӣ ба тавозуни муштарӣ дохил мешавад.

Дар шарҳи қарор зикр мегардад, ки дар сурати гум ё корношоям шудани симкорт, пардохти иловагӣ гирифта намешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.